Амалҳои хайр дар моҳи шарифи рамазон

   Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли ҷомеаи кишвар  дар арафаи моҳи шарифи Рамазон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои ободониву созандагӣ  бо маром идома дорад.

    Соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар ҷамоати деҳоти Даҳана тасмим гирифтаанд, ки  дар моҳи шарифи рамазон амалҳои хайру савобро ба сомон расонанд. Дар ин ҷамоат сохтмони муассисаи таълимӣ иборат аз 4 синфхона  оғоз ёфтааст.

   Сохтмони муассисаи таълимии мазкур бо ибтикори оилаи Сироҷовҳо  ва  кӯмаку дастгирии дигар соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда истодааст. Дар муассисаи мазкур айни ҳол корҳои хиштчинӣ ҷараён дорад. Соҳибкорон ният доранд, ки муассисаи таълимиро то 20 августи соли 2018  пурра сохта ба истифода диҳанд.

   Дар деҳаи Ёхсучиёни  ҳамин ҷамоат бошад,  аз ҷониби оилаи Қурбоновҳо бунгоҳи тиббӣ сохта шуда истодааст, ки барои беҳдошти тандурустии деҳаи мазкур аҳамияти махсус дорад.

   Соҳибкори дигари ин ҷамоат  Давлаҳмад Пиров  тасмим гирифтааст, ки аз ҳисоби маблағҳои барои зиёрати хонаи Худо ҷамъ овардааш  4  истгоҳи мусофиркашонӣ  сохта ба истифода диҳад.

   Пирони рӯзгордида дар ин моҳи муборак  ба ин мардони саховатпеша дуои хайр медиҳанд ва бо боварӣ ва эътимод метавон гуфт, ки  дуои хайри мардум барои ҳар як амали хайр савоб  мустаҷоб хоҳад гашт.

                                                                    Бахши бойгонӣ – матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code