Вохурӣ бо занони хонанишин

    Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки Ҳакимова Ф- сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва кор бо оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, мутахассиси маркази  ВНМО  Рафиев Ҷ, мутахассиси бахши САҲШ  Рӯзизода Ҷамила, директори Маркази тарзи ташаккули ҳаёти солим Бобохуҷаев Саймуъмин бо занони хонанишини деҳаҳои Ёхсучиён, Лавова, Олтоул, Чинор, Мирапоқ, Калот вохурӣ доир гардид.

   Дар ҳамоиш баромадкунандагон асосан атрофи мушкилоту проблемаҳои  ташвишовари ҷомеа, бахусус шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои эктремистӣ, пешгирии вируси норасоии масъунияти одам, худсӯзиву худкушӣ, ҷинояткорӣ, ҷудошавии  оилаҳои ҷавон гуфтушунид намуданд.

  Таъкид гардид, ки танҳо тавассути меҳнати ҳалол ва заҳмати шабонарӯзӣ мо метавонем  ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб муборизаи оштинопазир барем.

Бахши бойгонӣ – матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code