Равшангари чароғи маърифат

  Бо ташаббуси коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ    дар толори фарҳангии Донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Муҳаққиқ, адиб ва пажуҳишгари нақди адабӣ» бахшида ба 60- солагии фаъолияти илмиву эҷодии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви иттифоқи журналистони Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Барот Латифов баргузор гардид.

   Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб дар ҳолати тантанавӣ ба Барот Латифов супорида шуд.

   Баромадкунандагон, ноиби Президенти Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Муҳамад Абдураҳмон, ноиби ректор оид ба таълим  Сафар  Холиқов, ховаршинос Зафари Мирзоён, номзади илмҳои филологӣ  Ёралӣ Содиқов, директори коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб  ба номи Абуабдулло Рудакӣ Фарҳод Шафизода, саромӯзгори коллеҷи омӯзгорӣ Ҳавасмо Бобошоева, омӯзгори коллеҷи омӯзгорӣ Одина Одинаев, мудири кафедраи забон ва адабиёти коллеҷи омӯзгорӣ Мубина Қаюмова  оид ба хаёту фаъолият, осор ва  таҳқиқотҳои илмии  пажуҳишгар,   номзади илмҳои филологӣ, дотсент Барот Латифов   баромад намуданд.

Гурӯҳи донишҷуёни коллеҷи омӯзгорӣ  дар васфи устод шеърҳо қироат карда,  маҳфилро боз ҳам гармтар  намуданд.

                                                                   Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code