Ҳафтаи кӯдакон

    Ҳамасола рӯзи 1 июн дар тамоми дунё Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак истиқбол карда мешавад.

  Дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдак дар шаҳру деҳоти Кӯлоб чорабиниҳои мухталиф   гузаронида  шуда истодааст.

  Имрӯз дар боғчаи бачагонаи №3 ва ташкилоти ҷамъиятии  «Заршедабону» дар миёни кудакон озмунҳои  «Дастони моҳир»,   «Рассоми беҳтарин»,  «Шеър ва  суруди беҳтарин»  гузаронида шуд.

  Намояндагони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб озмунҳоро баҳогузорӣ намуда,  ғолибонро муайян карданд. Ғолибон дар рӯзи Байналмилалии кӯдак бо туҳфаҳои хотиравӣ  сарфароз  гардонида мешаванд.

                                                                                                         Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code