Оғози таъмири роҳҳои маҳаллӣ

    

Баъд аз боронҳои пайдарпайи фасли баҳор, таъмири  роҳҳои автомобилгард, ки дар баъзе ҷойҳо шуста шуда, барои ҳаракати бонизоми нақлиёт монеа эҷод мекард, оғоз гардид.

Роҳи автомобилгарди Кӯлоб-  Шамсиддин Шоҳин, ки дар натиҷаи борони сел баста шуда буд, дар давоми 4 соат кушода шуда, дар масофаи 8 км    пур карда шуда, ҳамвор ва  қубурҳои обгузор, ки аз сел пур шуда буданд, аз лойқаҳо пурра тоза карда шуда, ҳаракати мунтазами нақлиёт барқарор карда шуд.

Дар роҳи автомобилгарди деҳаи Мадином Ибронови ҷамоати деҳоти Зарбдор  бошад, дар ҳудуди 2 км  роҳ тахту ҳамвор карда шуда, чуқуриҳо ба воситаи омехтаи сиёҳ пур карда шуда, роҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.

Таъмири роҳхо аз санаи 29 май дар роҳҳои ҷамоати деҳоти Даҳана оғоз карда шуда,  минбаъд низ дар дигар  қитъаҳо   идома меёбад.

                                     Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code