Ҷамъбасти корҳои эҷодии хонандагон

  

   Мактаби бачагонаи рассомии шаҳри Кӯлоб санаи 28-уми майи соли 2018 ҷамъбасти корҳои ҳисоботии эҷодии хонандагонро  баргузор намуд. Дар ҷамъбасти ҳисоботӣ беш аз 100 нафар хонанда корҳои эҷодии тулии 1 сол омода намудаашонро ба маърази тамошо гузоштанд, ки зиёда аз 1000 расму тасвирҳоро дар бар мегирифт. Бояд гуфт, ки мактаби бачагонаи рассомӣ ҳамасола дар моҳи май корҳои эҷодии хонандагонро ба маърази тамошо мегузорад.

   Дар ин чорабинӣ волидайни хонандагон ва меҳмонон ширкат варзида, аз корҳои пешниҳоднамудаи хонандагон баҳогузорӣ менамоянд.

  Дар охири чорабинӣ ба хонандагони фаъол Ифтихорномаҳои маъмурияти Мактаби бачагонаи рассомии шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.

                                                                           Дилором Файзова

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code