Кӯлоб.Бунгоҳҳои тиббӣ бунёд мешаванд

Имрӯзҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб сохтмон ва бунёди бунгоҳҳои тиббӣ  ба тариқи ҳашар ва бо дастгириву  маблағгузории соҳибкорон оғоз гардидааст.

Сохтмони  чунин як бунгоҳи замонавӣ дар деҳаи Корези болои ҷамоати деҳоти Зиракӣ, аз тарафи соҳибкори истиқоматкунандаи ҳамин деҳа Холов Ҳакимҷон  оғоз гардида аст. Бунгоҳ  дорои 3 ҳуҷра буда,  тибқи меъёрҳои сохтмонӣ бунёд гардида истодааст. Аллакай қисмати зиёди корҳои сохтмонӣ дар ин бунгоҳ ба сомон расонида шуда аст. Соҳибкор ният дорад бунгоҳи мазкурро дар арафаи ҷашни Истиқлолият дар хизмати мардум супорад.

Дар деҳаҳои Саросиёби  ҷамоати деҳоти Зарбдор, Чорбоғи ҷамоати деҳоти Кӯлоб ва деҳаи Тоқа -каппаи  ҷамоати деҳоти Даҳана низ  ба воситаи ҳашар ва соҳибкорон  сохтмони  бунгоҳҳои  замонавӣ  идома дошта дар ин сохтмонҳо  деворҳо аллакай қомат афрохтаанд.

Сокинон ва соҳибкорони  деҳаи Бешкаппаи ҷамоати деҳоти Даҳана низ тасмим гирифтаанд дар деҳаи худ  бунгоҳ  созанд.

                                                   Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code