Ҷаласаи кории комиссия доир гашт

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб санаи 25 майи соли 2018 ҷаласаи навбатии комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Дар кори машварат намояндагони ташкилоту муассисаҳои раёсати маориф, соҳаи тандурустӣ, САҲШ, КФБТИ, кумитаи идораи замини шаҳр, шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб,   нозироти андоз,  раисони ҷамоатҳои деҳот ва дигар кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳузур доштанд.

Дар рафти ҷаласа Исмоилзода Саймурод – раиси комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, муовин ва котиби комиссияи мазкур  иштирок ва суханронӣ намуда доир ба амалишавии «Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020»  маълумот  доданд.

Бахши бойгонӣ – матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code