Ҳизби фитнабоз

Аъзои Ҳизби Наҳзати Исломи, ки даъвои ислому худшиносӣ мекунанду аз номи дин сухан меронанд, ба ғайр аз ҳокимиятро ба дасти худ гирифтан  ва  мансабдор гаштан  дигар мақсаде  надоранд.

Имрӯз бо фитнаҳои сиёсии худ боз мехоҳанд, ки ба сари мардуми тоҷик нокомиву бадбахтӣ, куштору қашшоқӣ ва гуруснагӣ оварда, мардумро ба гуруснагиву қашшоқӣ кашанду  худашон шоҳу табъашон вазир бошад. Вале мардум имрӯз дигар мардуми солҳои навадум нест, ки бо фитнаҳои ин тоифа бовар кунанд.

Мо бояд шукронаи Истиқлолият кунем, ки дар давраи Шӯравӣ дар кишвари мо тибқи маълумотҳои оморӣ ҳамагӣ 34 созмони динӣ, аз ҷумла 17 масҷид, 15 калисо ва ибодатгоҳи насронӣ, ду куништи яҳудӣ амал мекард. Ҳоло фақат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб чор ҳазор иттиҳодияҳои динии исломӣ, масҷидҳои панвақта ва масҷидҳои ҷомеъи марказӣ, Кумита оид ба корҳои дин, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам ва ҷамоатҳои созмонҳои динӣ мавҷуданд. Агар дар тули 72-соли салтанати Шуравӣ ҳамагӣ беш аз 30 шаҳрванди мо ҳаҷи фарзиро ҳаҷро анҷом дода бошанд, дар давраи Истиқлолият ҳазорон мусалмонони Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳои худ  озими хонаи худо шудаанд. Вақти он расидааст, ки мардуми башардӯсти Тоҷикистон аз ин ҳама хурофотпарастӣ, дуруягӣ ва амалҳои зишти гурӯҳбозиҳо худро канора гирифта, талош намоянд, ки  Ҷумҳурии азизи Тоҷикистонамонро  ба яке аз кишварҳои пешрафтаи олам мубаддал гардонем. Мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода бадро аз нек, фоидаро аз зарар шинохта,  баҳри ояндаи фарзандони миллати тоҷиккушиш намоем. Бояд қайд намуд, ки 99 фоизи Тоҷикистон мусалмонанд  ва ниёз ба ҳизби наҳзати исломӣ надоранд.

Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд ватани худро дуст дошта,  донанд,ки ин тоифа  хидматгузорони  хоҷагони хориҷӣ буда,   баҳри парокандагии  ватан кушиш мекунанд. Ҷавонон бояд барои якпорчагии Ватан кушиш ба харҷ дода, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Дар ягон ҷумҳурии  собиқ Шӯравӣ чунин ҳизб яъне ҳизби исломӣ фаъолият ё арзи вуҷуд надошт. Худ шоҳиди он ҳастем, ки дар давоми фаъолияти хеш ҳизби наҳзати исломӣ кореро  ба сомон нарасонидааст, ба ғайр аз ҷангу бадбахтиҳо. Солҳои 90-уми асри гузаштаро ба хотир орем, худ як дарсе барои сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад. Ва дар охир гуфтаниам, ки мо бояд шукронаи Истиқлолияти кишварамонро ба ҷо оварда, барои гул-гул шукуфии он кушиш намуда, ҷумҳурии азизамонро ба яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил диҳем.

                                                                                Асоев Манучеҳр

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code