Бонувон амалҳои террористиро маҳкум мекунанд

Баъди садсолаҳо халқи тоҷик дар қарни ХХ аз нав истиқлолияти давлатиро аз худ карда, соҳиби давлати мустақил, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ гардид.  Бо шарофати ин Тоҷикистони азизи моро дар арсаи ҷаҳон шинохтанд, ҳамчун давлати мустақил пазируфтанд ва то имрӯз, дар баробари дигар давлатҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аъзои комиҳуқуқ буда, ҳуқуқи сухан гуфтан дораду манфиатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва фарҳангии худро ҳифз месозад.

Ҳар шаҳрванди худогоҳи кишвар медонад, ки барои расидан ба ин мартаба ва пайдо кардани мавқею нуфузи устувори сиёсӣ дар арсаи ҷаҳонӣ Тоҷикистон ҷанги бародаркушии хонумонсӯз, буҳрони иқтисодӣ, қашшоқию муҳтоҷӣ, азобу уқубат ва мушкилоти дигареро паси сар кард. Тоҷикистони ҷавону соҳибдавлат аллакай дар аввали ҳастии худ зери хатари аз байн рафтан қарор гирифт. Ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ба хоҷагони хориҷии худ рӯ оварда, бо маблағгузорию зери ҳидояти онҳо, дар байни сокинони кишвар низоъ андохтанд, падару модарро аз фарзанд ҷудо карданд, бародаронро ба якдигар душман сохтанд, маҳалҳоро ба ҳам зид карданд, хуни ноҳақи ҳазорон шахсони бегуноҳро рехтанд, миллати тоҷикро гуреза карда, ноком  ва муҳтоҷи бегонагон сохтанд.

Аз ҳама бад, душманони миллат тайи чандин солҳо чашми модари тоҷик ва занону хоҳаронамонро аз ашки ғаму ғусса пуроб сохта, дилҳояшонро реш-реш карданд, ҳазорон зан-модаронро бе шавҳару фарзанд ва бе хона гардониданд, тифлонро аз падару модар ҷудою бепарастор монданд. Дар қалби модари тоҷик бар ивази ишқу муҳаббат ва меҳру садоқат, ин ҷоҳилон ғаму андуҳи бешуморро ҷой карданд.

Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайвастаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони азизамон бори дигар сулҳу субот фархунда шуд ва Ватани маҳбубамон аз вартаи ҷангу низоъ ва буҳрони иқтисодӣ берун гардид. Маҳз саъю талоши шабонарӯзӣ ва ташаббусҳои оқилонаи Пешвои миллат  имкон дод, ки мардуми тоҷик ба ин рӯзҳои шарафманд расанду модарон дар фазои осоишта ба тарбияи фарзандон пардозанд, кӯдакон ханда ба лаб шаванд.

Таҳти сарпарастии  Пешвои миллат Ваҳдати Миллӣ ба даст омада, сулҳу субот дар ҷомеа устувор шуд, иқтисодиёти кишвар рӯ ба тарақӣ ниҳод, шаҳрвандон ба Ватан баргашта, макони зисти худро барқарор карда, соҳиби ҷойи кору маоши рӯзгор шуданд, тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гашт.

Бо шарофати Пешавои миллат ҳазорон масҷидҳои нав кушода шуда, озодии виҷдон, тоату ибодат ва адои дигар рукнҳои дини таъмин гардид.

Аз ҷанги хонумонсӯзи тоҷикон зиёда аз бист сол сипарӣ гашт ва таҳлилу назари воқеъбинона шаҳодат медиҳанд, ки дар саргаҳи ҷангу ҷидоли тоҷикон «озодихоҳоне» меистоданд, ки аз озодии асил тасавурот надоштанд.

Ин ашхос мақсаду мароми ғаразноки худро бо тафсири кутоҳандешонаи рукнҳои дини мубини ислом пардапӯш карда, бо амали хеш ба дини пок, шариат ва имондорӣ зиён меоварданд. Ин гуна ашхос барои худ ҳизбҳои  исломӣ сохта, дини Исломро дар хизмати манфиатҳои ғаразноки хеш қарор доданд.

Ба ҳамин монанд, ҳизби наҳзати ислом барои ба даст овардани қудрати сиёсӣ аз Худою Расул наҳаросида,  дини Исломро дар таъмини манфиатҳои ғаразноки худ истифода карда, ба имону диндории шаҳрвандон таъсир карда, сафи худро афзун намуд. Онҳо хуб эҳсос мекарданд, ки зиёда аз 99% шаҳрвандони Тоҷикистон мусулмонанд, иродаи қавии динӣ доранд, тоату ибодат карда, яккаву ягонагии Худовандро мепазиранд, рукнҳои шариатро иҷро мекунанд. Ин иродаи динии мардумро «наҳзатиҳо» дар хизмати манфиату мақсадҳои нопоки хеш қарор дода, ба шуури онҳо таъсир карда, дар асл «ба хилват рафта, кори дигар мекарданд».

Аммо «бори каҷ ба манзил намерасад».

Воқеаҳои ба ҳамагон маълуми соли 2015 пардаро аз рӯи «наҳзатиҳо» бардошт ва мо шоҳид гардидем, ки онҳо ба шариати Ислом эҳтиром надоранд, амалҳои террористӣ, хиёнат ба Ватану миллати хешро аз суботи кишвар афзалтар дониста, мехостанд миллати точикро бори дигар ба вартаи ҷангу ҷидол кашонанд.

Ҳар яки мо мусулмонем, имон дорем, яккаву ягонагии Худовандро мепазирем, ва ба дини Ислом эҳтиром дошта, рукнҳои онро ба ҷо меорем. Аз ин рӯ, бо эътимоди қавӣ мегуем, ки дини Ислом ба ҳизб ниёз надорад. Ягона мақсади ҳизб ба даст овардани қудрати сиёсӣ мебошад, ки бар хилофи талаботи дини ислом мебошад. Барои «наҳзатиҳо» ислом  танҳо восита буду халос. Ҳанӯз ҳам, ин афроди хиёнаткор аз ақидаҳои нопоки худ даст накашидаанд, нону намак, ғамхориҳои давлат ва сулҳу суботи ҷомеаро қадр надоранд. Онҳо фаъолияти худро бо ҷиноят огоз карда, бо терроризму ифротгарои анҷом доданд.

Чи тавре, ки Пешвои миллат иброз доштанд, террористон миллат, давлат, дин, мазҳаб ва имон надоранд.

 Мардуми шарифи Тоҷикистон ва дини мубини Ислом  ба ҳизби дини ниёз надоранд. Халқи тоҷик намехоҳад ки бори динар ҳизби дини дар муҳити сиёсии кишва пайдо гардад.

Имрӯз занону модарон дар баробари рисолати модарию ҳамсарӣ, рисолати бузурги ватандориро ба дӯш доранд. Ватандор будан беҳтарин неъмат аст ва ин неъматро бояд қадр кард.

Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки ҷаҳони имрӯза бо падидаҳои ғайриинсонию марговари терроризму экстремизм дар набард аст. Дида истодаем, ки ин раванди даҳшатнок марзҳоро убур намуда, ҳазорҳо нафар модаронро гирёну нолон гардонидааст. Имрӯз чӣ модари мусулмон ва чӣ яҳудию насоро аз дасти терроризму ифротгароӣ нола ба афлок мезанад. Афроде, ки инсон ном бурдани онҳо аз рӯйи амалашон раво нест, бо истифода аз номи муқаддаси дини мубини ислом сулҳу суботи  кулли миллатҳо, оилаҳо ва ҳар як  фарди сулҳдустро дарҳам задаст.

Бо назардошти вазъи мавҷуда ба ҳамаи мо лозим аст, ки дар таҳкими сулҳу субот ва иҷрои рисолати ватандории худ аз ҳарвақта дида масъулиятшинос бошем. Зеро имрӯз таҳоҷуми иттилоотию фарҳангӣ аз ҳарвақта дида бештар эҳсос мегардад. Ҷалби бархе аз ҷавонону занони мо ба равияҳои ифротӣ ва рӯ овардани  бонувон ба фарҳанги бегона мояи ташвиши ҳар як шахси худшиносу худогоҳ гаштааст. Маҳз аз ҳамин сабаб ҳамагонро зарур аст, ки дар роҳи таҳкими арзишҳои миллӣ, тарбияи насли худшиносу худогоҳ ва муаррифии фарҳанги волои  миллати тоҷик пешқадам бошем. Нагузорем, ки арзиши бегонае ҷойгузини фарҳанги миллии тоҷикон гардад, ақидаи ғаразноке дар мафкураи фарзандон мавқеъ пайдо намояд ва нохалафе сулҳу субот ва ваҳдату ягонагии кишварро халалдор созад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занонро «Нигини пурҷилои тоҷи миллат» номидааст. Пас биёед бо ҷилои худ равшангари роҳи садоқату муҳаббат ба Ватану сарзамини аҷдодӣ бошем.

Фарзонаи  Абдулҳамид

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code