Рӯзадорӣ фақат гурусна нишастан нест

   Ифтихорманду сарфароз ва шод аз он ҳастем, ки дар давлати соҳибистиқлол умр ба сар мебарем. Имрӯзҳо хар як шаҳрванди Тоҷикистон эҳсос менамояд, ки Тоҷикистон рӯз аз рӯз рӯ ба тарақкӣ ниҳод истодааст.

  Ҳамагон медононанд, ки  мо бозичаи дасти чанд нафар манфиатҷуёни аҷнабиён шудем. Бегона моро ба нафъи худ истифода намуд ва  миллати тоҷик  дарси  ҷовидонаи худро гирифт.

  Имрӯзҳо намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ, ки минбаъд Тоҷикистони азизро ба ин номи касиф ҳамроҳ кардан нашояд, гумон доранд, ки дар паҳлуи Ҳоманеӣ нишаста маблағҳои ҳангуфтро ба даст меоранду Тоҷикистонро  аз нав ба хоку хун мекашанд ва соҳиби қудрату ҷалол мешаванд. Бехабар аз он ки Тоҷикистон имрӯза дигар Тоҷикистони солҳои 90-ум нест.

 Яке аз шоҳидони тахрибкории наҳзатиҳо Сияҳаков С.Ш, ки  аз раҳбарони наҳзати исломӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта ба шумор мерафт, доир ба фаъолиятҳои муғризона ва тахрибкоронаи ҲНИ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва дахолати нерӯҳои хориҷӣ ба он чунин гуфтааст «Хадамотҳои махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон ибтидо аз соли 1992 дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  ҳукумати мухолифинро аз ҳисоби роҳбарони ҲНИ таъсис дод ва пурра зери назорати худ гирифт. Дар натиҷа ҳизби сиёсиро ба ташкилоти террористӣ мубаддал намуд.

  Ӯ мегуяд, ман, ки худ аз кадрҳои он замони пурқудрати КГБ СССР будам, зуд дарк кардам, ки ҳамаи бадбахтиҳои ба сари мардуми тоҷик омадаро маҳз хадамотҳои махсуси Эрон пешакӣ тарҳрезӣ намудаанд. Ҳиҷрати иҷбории мардуми тоҷик, интихоби макони сукунат дар Афғонистон, таълиму тадрис дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ, мағзшӯӣ ва истифодаи онҳо бар зидди Тоҷикистон – бандҳои алоҳидаи нақшаи бузурги хадамоти махсуси Эрон буд.

   Маҳз хулоса ва қарори хадамоти махсуси Эрон буд, ки Ризвон Сидиров- қумондони саҳроии ҲНИ- яке аз манфуртарин ва хунхортарин чеҳраҳои ҷанги шаҳрвандиро барои нотарсиву ваҳшонияти хосаш «Амир» интихоб намуда, ба ҶТ равон карда буданд. Агар ёдатон бошад, Ризвон ба Ғарм омада, байрақи «Ҷумҳурии исломии Ғарм»-ро зада буд».

  Ваҳшониятҳои ҷанги шаҳрвандӣ  аз хотираи таърих ҳаргиз  зудуда намегардад. Вале баъди ҷанги шаҳрвандӣ низ Ҳизби наҳзати исломӣ  ҷавононро бо  баҳонаҳои   қории исломшавӣ ба доми худ кашида,  барои гирифтани маълумотҳои динӣ ба муассисаҳои исломии хориҷӣ  равона мекарданд. Вале қисмати зиёди онҳо ба мактаҳои террористӣ равон карда шуданд.

  Дини мубин исломро наҳзатиҳо  барои амалӣ намудани амалҳои нопоки худ истифода мебурданд. Онҳо аз хоҷагони хориҷӣ маблағхои лозима гирифта масчид месохтанд, ҷавононро ба ҳаҷ ва ба мактабҳои таълимӣ равон мекарданд.

  Омӯзгорон, табибонро онҳо дӯст намедоштанд, ӯ рӯза намегирад гуфта ба хонаааш намерафтанд.

  Вале то ҳол намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ ки чун ҳизби террористӣ шинохта шудааст ба муқобили ватани худ нақшаҳои махуф мекашад.

  Агар мо номи Ҳизби наҳзати исломиро таҳлил намуда маънии онро ҷустуҷу кунем, мебинем,ки   калимаи наҳзат ба забони арабӣ мансуб буда маънии «ҳаракат», «ҷунбиш» ва «эҳё»-ро дорад.

  Агар онро ба русӣ баргардонем, Партия исламского возрождение ном мегирад. Аз ин бар меояд, ки намояндагони ҳизби наҳзат мехоҳанд ба воситаи ҳаракату ҷунбишҳои худ  исломро аз нав эҳё кунанд.

   Ислом худ дини мукаммал буда, ба ягон эҳё, навкунӣ  ва таҷдид  эхтиёҷ надорад.

   Ислом ва  сулҳ аз як решаанд, вале амалҳои ҳизби наҳзати исломӣ сулҳҷуёна  нест.

  Бисёр хуш аст, ки Пешвои миллат ба дини мубини ислом таваҷҷуҳи хоса доранду ба арзишҳои динӣ эҳтироми хоса мегузоранд.

  Мисоли равшани инро дар он мебинем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ «Қуръон» бо ҳуруфи сирилик  баргардонида шуда, бисёр китобҳои гаронарзиш, ба  монанди «Саҳеҳи Имом Бухорӣ»  аз чоп баромаданду зиёда аз 200 ҳазор шаҳрвандон ба зиёрати хони худо мушарраф шуданд, ҳол он ки дар даврони Шуравӣ ҳамагӣ 30 нафар сафари ҳаҷ намуда буд, ки онҳо  ҳама   кормандони давлатӣ буданд.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  санаи 12-майи соли равон  зимни суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид доштанд  “Вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон–истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем”.

  Имрӯз ки дар моҳи шарифи рамазон қарор дорем, бояд донем, ки  рӯзадорӣ ин фақат гурусна нишастан нест. Мо бояд пеши ҳама гуна тафриқаандозиҳоро гирем. Зарур аст, ки ба  мазҳаби Ҳанафӣ, ки зиёда аз ҳазор сол боз мардуми тоҷик онро ба мерос гирифтааст, нагузорем, ҳеҷ гурӯҳе ва ё нафаре ихтилофе ворид кунад.

                                                                           Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code