Машварати навбатии назди раиси шаҳр

Санаи 22 майи соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардида, аввалан масъалаи «Дар бораи ҳолати пешгирии ҳодисаҳои фавқулодда ва  рафти иҷрои корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ дар минтақаҳои хавфноки шаҳру деҳоти Кӯлоб», мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Оиди ин масъала муовини якуми раиси шаҳр ахборот дода, аз ҷумла иброз дошт, дар ҳудуди  шаҳру деҳоти Кӯлоб 32 минтақаҳои хавфнок мавҷуд буда, ҳолати пешгирии ҳолатҳои фақулодда дар ҳамаи онҳо зери назорат қарор дошта, то ин давра як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд. Дар мавзеъҳои номбурда 6900 литр сузишворӣ, 202 адад тахтасанг, 0,7 тонна арматур, 1895 метри квадратӣ симтур  истифода гардида,  ба масофаи 1215 метри кубӣ дамба ва 16825 метри кубӣ корҳои заминӣ ба анҷом расонида шудааст.

Дар муҳокимаи ин масъала раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло қайд намудаанд, ки пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, таъмини иҷрои корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ зери таваҷҷуҳи махсуси   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба масъалаи мазкур таваҷуҳи махсус зоҳир  менамояд. Ҳайати комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оиди ҳолатҳои фавқулодда барои омодагии доимӣ  дар давраи боронгариҳо, пурра ба анҷом расонидани корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ дар мавзеҳои хавфнок ва бартараф намудани камбудию норасогиҳо дар ин самт вазифадор гардиданд.

Сипас масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла

-омодагӣ ба ҷашнгирии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб;

-ҳолати духти либосҳои мактабӣ дар шаҳри Кулоб;

-ҳолати ҷамъоварии  маблағҳои барқи  истифодашуда;

-сохтмони муассисаҳои таълимии нав ва таъмири муассисаҳои  садамавию таъмирталаб;

-фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва ҳолати истеҳсоли маҳсулот;

-рафти таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилии шаҳру деҳоти Кӯлоб;

– ҳолати тоза намудани заҳбуру каналҳо, рафти нигоҳубини пахта дар хоҷагиҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб;

-вазъи тозагии шаҳр, корҳои  ободонӣ дар шаҳр  мавриди баррасӣ қарор дода шуда, гузоришҳои шахсони масъул шунида шуда, қарорҳои дахлдор қабул гарида, вазифаҳо муайян карда шуданд.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code