Амали хайру савоб дар моҳи шарифи Рамазон

  

   Зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар  санаи 12 майи соли 2018  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон    таъкид доштанд, ки «Садақаи фитр яке аз рукнҳои моҳи шарифи рамазон аст, тибқи манбаҳои муътабари исломӣ аз василаҳои муҳими дастгирии шахсони ниёзманд мебошад ва он набояд ба шахсони тавонманду доро, уламову ходимони дин балки ба хешу табори наздики эҳтиёҷманд, ятимону маъюбон ва мусофирону камбизотҳо дода шавад»

   Дар пайрави ба ин суханон чунин амали хайру савобро дар моҳи рамазон як сокини шаҳри Кӯлоб ки аз гирифтани  номаш худдорӣ намуд, пеша намудааст. Ӯ хонаи  нобиноён  Махмадуллоева Бунафша(сокини 55 сола), Каримова Зебогул (сокини 76 сола)  ва Қурбонова Хосиятмоҳ( 53 сола)-ро,    ки ҳар се дар ошёнаи чоруми хонаи 110-и  маҳаллаи Исмоили зиндагӣ карда, пурра оҷизанд ба таъмир фаро гирифтааст.

    Ин хайрмарди Кулобӣ мехоҳад ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ  хонаи ин нобиноёнро ба таври замонавӣ таъмиру тармим намуда, дару тиреза ва болопуши  хонаро пурра иваз карда, хонаро бо лавозимоти зарурӣ аз қабили  гармкунандаи об(термекс) ва таҷҳизоту  мебелҳои зарурӣ   муҷаҳхаз намояд.

   Нобиноёни зикргардида умуман қобили меҳнат набуда,  наметавонанд кореро мустаъқилона иҷро намоянд. Онҳо аз тарафи бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳомияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Муассисаи давлатии маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона  нигоҳубин карда мешаванд.

  Соҳибкор ният дорад дар муддати як ҳафта хонаро  таъмир намуда, ба нобиноён супорад.

  Чунин амали савобро соли гузашта  ҳамшаҳри дигари мо дар моҳи шарифи рамазон   сокини шаҳри Кӯлоб Абдулҳамид Гулаҳмадов, истиқоматкунандаи маҳаллаи   Абдулло Мусо 16 ба анҷом расонида буд. Ӯ  маблағи барои адои фарзи ҳаҷ ҷамъ овардаашро  дар арафаи Иди сайиди Фитр  барои   сокинони маҳаллаи навбунёди Чаманзор, ки аз 200 нафар хоҷагӣ иборат буд  як адад трансформатори 100,  18 адад симчуб ва  2500 метр сим  харидорӣ намуда ин сокинонро бо барқ таъмин кард.

   Бошад,  ки сафи чунин мардони саховатпеша биафзояду аз  хеш амали хайру савобе боқӣ  гузоранд.

                                                               Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code