ЯРМАРКАИ СОҲАВИИ ҶОЙҲОИ КОРИ ХОЛӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

   

    Дирӯз дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб, бо ташаббуси Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии минтақаи Кӯлоб, дар доираи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вобаста ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Ярмаркаи соҳавии ҷойҳои кори холӣ баргузор гардид.Дар ярмарка сардорону кормандони шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши ҷавонон ва варзиши шаҳру навоҳии минтақа ва инчунин намояндагони хадамоти кадрии ташкилоту муассисаҳои минтақавии гуногунмоликият  иштирок намуда, 557 адад ҷойҳои кори холиро манзури иштирокчиён намуданд. Туфайли ин чорабинӣ як қисм аз корҷӯён соҳиби кор гардиданд.

   Инчунин дар ярмарка маҳсули дасти ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои минтақа, билхоса намунаи кори касбомӯзони марказҳои таълимӣ ба намоиш гузошта шуда, қисмате аз ин маҳсулотҳо аз ҷониби иштирокчиён харидорӣ гардиданд.  

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code