Рӯзи ҷавонон дар ҷамоатҳои деҳот

  Ҷамъбасти чорабиниҳо бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҷамоатҳои деҳот баргузор гардид.

Чунин як ҳамоиши хотирмон  дар толори муассисаи таълимии № 14-и ҷамоати деҳоти Зарбдор  бо иштироки  намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, намояндаи бахши ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва ҷавонони фаъоли ҷамоати деҳоти Зарбдор доир гардид.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Сулаймон Султон  ва намояндаи бахши ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Азимов Суҳроб ба сухан баромада, ҷавононро бахшида ба  Рӯзи ҷавонон табрик гуфта,  дар бораи бурду бохт ва иллату нуқсонҳои фарогири ҷавонон гуфта гузаштанд.

Таъкид гардид,ки чорабиниҳои мазкур баҳри муттаҳидии ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандустиву хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо нақши муассир  хоҳад гузошт, зеро ҷавонон, нерӯи бениҳоят бузурги созандаю бунёдкор дар роҳи фардои миллату давлат, умеди Тоҷикистони азизи соҳибистиқлол, созандагони фардои кишвар ба ҳисоб мераванд.

                                            Бахши бойгонӣ-матбуотӣ 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code