Корхонҳои истеҳсолкунандаи либосҳои мактабӣ меафзояд

  Дар ҳудуди шаҳру деҳоти Кӯлоб 3 корхона ва 10 коргоҳи дузандагӣ фаъолият дорад. Тибқи супориши протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.01.2018,  №1 доир ба таъмини пурраи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна бо либосӣ мактабӣ дар соли равон, корхонаҳои дузандагии шаҳри Кӯлоб бо Раёсати маориф ба миқдори 22500 дона либоси мактабӣ шартнома баста, то           18 май соли 2018 аз тарафи волидайни хонандагони муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми барои духти 15 ҳазору 405 дона либос ба корхонаҳои дузандагӣ маблағ пешпардохт гардидааст.

Коргоҳҳои ҶДММ «Мунавара М» бо 10 муассисаи таълимӣ ба миқдори 3300 дона либос, ҶДММ «Зарҳам» бо 11 муассисаи таълимӣ ба миқдори 2000 дона либос, ҶДММ«Кооператор» бо 28 муассисаи таълимӣ ба миқдори 9000 дона либос, ҶДММ «Фабрикаи пойафзол» бо 4 муасисаи таълимӣ ба миқдори 1105 дона либос пешпардохт  ба анҷом расонидаанд.

Бояд гуфт, ки дар шаҳри Кӯлоб барои сохтмони корхона ва коргоҳҳои дузандагӣ аҳамияти хоса дода шуда, дар соли 2017 4 коргоҳи дузандагӣ  ва дар 4 моҳи соли 2018 2 коргоҳи дузандагӣ  сохта ба истифода дода шуда, сохтмони 3 коргоҳи дигар аз тарафи  соҳибкорон  идома дорад.

                                                 Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code