Суханронии раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон»

     Ҷавонони азиз!

     Ҳозирини гиромӣ!

    Бо баракати истиқлолият ва сиёсати  созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  моҳи май ҳамчун моҳи ҷавонон шинохта шуда,  ҷашн гирифтани  23-юми май ҳамчун Рӯзи чавонони Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст.

Бинобар ин ҳар яки Шумо ва дар симои Шумо тамоми ҷавонони бонангу номуси шаҳрро ба муносибати фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ, бахту саодат, рӯзгори ободу осуда, дар кору таҳсил ва дар зиндагиатон комёбиҳои калон орзу менамоям.

Ҷавонони азиз!

Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯри бо ҷавонони лаёқатманди кишвар омадааст: «Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ гузорем, зеро омили ҷавонон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мақоми ҳалкунанда дошта, тақдири ниҳоии раванди мазкур аз бисёр ҷиҳатҳо ба ин қувваи бузург сахт алоқаманд аст».

Зарурати ногузирии ташаккул додан ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали мавҷудияти худ амиқ дарк карда, дар қаламрави собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ аз аввалинҳо шуда, қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намуд, ки заминаи ҳуқуқии фаъолияти давлати соҳибихтиёри Тоҷикистонро дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ки  зиёда аз 60 % аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, муайян намуда, муносибатҳои давлат, созмонҳои ҷавонон ва шаҳрвандони ҷавонро муқаррар мекунад.

 Консепсияву стратегияи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами Пешвои ҷавонпарвари миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавонкунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзеву гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад.

Ҷавонони азиз!

Дар шаҳри Кӯлоб низ барои тарбияи ҷавонон, ба ҳаёти ҷомеа фаъолона ҷалб намудани насли ҷавон корҳои зиёд ба сомон расонида мешавад.

Бо мақсади фаъолтар гардидани мавқеи ҷавонон дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳр, беҳтар намудани шароитҳои таҳсилу фаъолияти ҷавонон санадҳои меъёриву ҳуқуқии зиёде  ба тасвиб расидаанд.

Бо қарори раиси шаҳр «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2016-2018» қабул шудааст, ки ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароитҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ ҷиҳати ташаккули шахсият ва дастгирии ҷавонон нигаронида шудааст.

Шумораи ҷавононе, ки бо дониши аъло ва ахлоқи ҳамидаи худ ва ҳиссаи арзандаву сазоворашон дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр намунаи дигарон мебошанд кам нестанд. Дар ин қатор метавон магистранти курси 1-и факултети таърихи Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб Каримов Далер, донишҷуи курси 3-и факултаи филологияи тоҷик ва журналистика Ҷалилов Меҳроб, донишҷӯи курси 4-и факултети химия, биология ва география Олимов Наврӯз, донишҷӯи курси 2-и факултети филологӣ Насимҷони Саидаъзам ва магистранти курси 1-и Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ Ҳасани Акрам ва магистранти курси 2-и ҳамин Донишкадаро  метавон ҳамчун ихтироъкорони ҷавон ном бурд, ки «Истеҳсоли маҳсулоти бебофт аз партовҳои пахтаву пашм» ва нушдорӯро барои бемории ҷоғар ихтироъ намудаанд.

 Ҳамин тавр боз даҳҳо ҷавонони дигарро бо ифтихор метавон  ном бурд.

Ман боварии комил дорам, ки Шумо, ҷавонони шаҳр чун ҷавонони мамлакат дар равандҳои ба амал омада истода, дар дигаргуниҳои азиме, ки кишварамонро интизоранд, хиссаи бебаҳо хоҳед гузошт.

Соҳаи варзиш дар шаҳр сол то сол тараққӣ карда, оммаи васеи аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонону наврасон ба он мароқи зиёд зоҳир менамоянд.

Боиси сарфарозӣ ва ифтихори мову шумост, ки  дар  ин миён варзишгарони шаҳри Кӯлоб Искандари Рустам, Сагизов Бахтовар, Сорбон Латипов ва Хайрандеши Муродзода дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалию  чумҳуриявӣ иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Имрӯз дар шаҳру деҳоти Кӯлоб              5 муассисаҳои давлатии мактаби варзишӣ, 1 варзишгоҳи марказӣ, 165 майдончаҳои варзишӣ, 68 толори варзишӣ амал мекунад, ки дар онҳо 56 нафар мураббиён аз рӯи 14 намуди варзиш дар 130 гурӯҳ кору, фаъолият намуда, ба  4200 нафар наврасону ҷавонон машғулият меомӯзонанд.

   Варзишгарони шаҳр дар 5 моҳи соли 2018 дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори 90 медал  гардиданд.

   Дустони ҷавон!

   Ҳарчанд, ки дар арафаи иди Рузи ҷавонон қарор дорем, зарур мешуморам,ки оид ба масъалаҳои ташвишовари ҷомеа гуфта гузарам.

  Имрӯзҳо яке аз проблемаҳое,ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин  ифротгароӣ , даҳшатафканӣ ва терроризм мебошад.

    Чунин вазъ, яъне бадбахтию нооромиҳоро  мо дар мисоли давлатҳои Сурия, Ироқ, Яман, Либия ва Афғонистон мебинем, ки  ҳамарӯза дар ин давлатҳо сокинони осоишта ҷони худро аз даст медиҳанд.

    Муассисони равияҳои тундгарову ифротгаро мағзи ҷавононро хира сохта, онҳоро барои даст задан ба амалҳои номатлуб  роҳандозӣ менамоянд, ки имрӯзҳо ин кирдор ҷомеаи ҷаҳониро ба изтироб овардааст.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси олӣ изҳор доштанд:

«Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам,  таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Мутаҳид мебошем.

   Бо назардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем.

    Бо ин  мақсад дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Итиҳодияи Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез баргузор гардид.

    Ишора бояд кард, ки дар самти ҷалби ҷавонон ба ин гурӯҳҳо омили асосиву муҳим  интернет маҳсуб меёбад. Зеро интернет яке аз роҳҳои самараноки ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро ва ифротгаро буда, аз он гурӯҳҳои экстремистӣ ба таври васеъ барои манфиати худ истифода мебаранд.

     Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили «фейсбук», «одноклассник», «кантакт» ва амсоли инҳо гурӯҳҳо бо филмҳои ҳуҷҷатии экстремистӣ, роликҳо, иттилоот, хабарҳо, дарсҳои видеоӣ оид ба шомил шудан ба он гурӯҳҳо, тарҷумаи беасоси ояву аҳодис омода менамоянд то  ба мафкураи ҷавонон зарба зананд ва баъзе ҷавонон аз гумроҳӣ ба доми ин шабакаҳо меафтанд.

      Хаминро кайд намудан ба маврид аст, ки Васоити ахбори омма нақши калидиро дар мубориза бо гурӯҳҳои тундгароӣ-ифротгароӣ мебозад. Ба ин хотир моро зарур аст, ки дар тақвият додани мубориза алайҳи ин амалҳои номатлуб тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ  ва суҳбату вохӯриҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда, нафаронеро, ки аз илм дур мондаанду фирефтаи ин гуна равияҳо мегарданд, аз ин зулмат бираҳонем.

Ифротгароён бо сӯистифода аз эътиқоди динии шаҳрвандон мехоҳанд суботи ҷомеаро халалдор намуда, барои зиддиятҳои миллӣ восита ҷӯянд. Баҳри ин ҳадаф миёни ҷомеа ҳизбу ҳаракатҳои мухталифро ворид намуда, бо ин восита ихтилофҳои мазҳабиро ба вуҷуд меоранд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба мазҳаби Ҳанафӣ, ки зиёда аз ҳазор сол боз мардуми тоҷик онро ба мерос гирифтааст, нагузорем, ҳеҷ гуруҳе ва ё нафаре ихтилофе ворид кунад.

    Чуноне, ки аз таърихи на чандон дури  кишвар бар меояд, терроризм пештар дар Тоҷикистони азизи мо дар  шакли ваҳобия зуҳур карда  Тоҷикистони ободу ороми моро ба вартаи ҷангу ноамнӣ оварда расонид, ки  маълум мешавад,ки ташкилкунандаи  ин ҳама ҷангу ҷидолҳо  ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз тарафи хоҷаҳои хориҷии худ сарпарастӣ мешудааст, будааст.

Пешвои миллат таъкид месозад,ки “Имрӯзҳо дар чандин кишвари мусулмоннишин бар асари дахолати доираҳои манфиатдори хориҷӣ манзилҳои зисти аҳолӣ, шаҳрҳо ва ёдгориҳои чандинҳазорсола сӯхтаву валангор шуда, ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбон мешаванд.

Чунин вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон–истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем”.

    Ифротгароён ва террористон қоидаеро ихтироъ кардаанд, ки мусулмононро бо камтарин ҷурм кофир ва мулҳид эълон мекунанд, сипас қатлу ғоратро алайҳи онҳо раво медонанд. Дар ҳоле, ки ин мардум гӯяндаи калимаи шаҳодат аст. Дар ин маврид Паёмбар (с) мефармоянд: «Хуни ҳеҷ мусулмон, ки ба ваҳдоният ва ягонагии Худо ва нубуввати Паёмбари ислом шаҳодат медиҳад, ҳалол нест…» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

    Умедворем ҳамаи шумо ва ҳазорон нафар ҳамсолони шумо бар ҳамин азму ирода ватани азизи худро дӯст медоред ва барои ободии он ҳамеша кушиш хоҳед кард.

   Умед аст, ки  мо ҳамагон дастаҷаъмона талош хоҳем кард, ки  ҷавонони  мо  Ватан – модари худро бо меҳру муҳабат ва садоқати  бепоён дуст доранд, ба арзишҳои  ҷовидонаи  миллати  тоҷик арҷ гузоранд ва аз ҳама  муҳимаш ҳамқадами  замон бошанду  ба хотири ояндаи дурахшон ва гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз саҳми худро мегузоранд.

    Дигар масъалаи доғи рӯз ин мубталошавии ҷавонон ба бемории  Вируси норасоии масъунияти одам мебошад.

    Дар ин бора  Пешвои миллат дар суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон санаи 12 майи соли равон  таъкид доштанд:

   «Дар кишвари мо аз бемории вируси норасоии масъунияти одам, ки ду – се даҳсола пеш дар байни мардумамон умуман вуҷуд надошт, дар бист соли охир қариб 2500 нафар ва дар даҳ соли охир аз бемории нашъамандӣ зиёда аз 500 нафар фавтидаст.

   Боиси таассуф аст, ки дар шаҳри Кӯлоб низ 790 нафар ҷавонон  гирифтори бемории Вируси норасоии масъунияти бадан ва 578 нафар нашъамандон  ба қайд гирифта шудаанд.

    Нанговар он аст, ки аз соли 2003 то 1 январи соли 2018  280 нафар ҷавонони кӯлоби аз бемории Вируси норасоии бадан фавтидаанд, ки 90 фисади онҳоро нашъамандон ташкил мекунанд.

    Падидаи  дигари манфӣ ки ҳар як шахси солимфикрро ба андеша водор менамояд, ҳодисаи нангини ба худкушӣ даст задани як зумра ҷавонони бетаҷриба мебошад.

     Дар 4 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 8 ҳолати худкушӣ ва 4 сӯиқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта шудааст, ки  аз ин шумора 8 нафарашон зан, 4 нафар мард ва 1 ноболиғ мебошанд.

   Барои чӣ баъзе одамони солимақл даст ба худкушӣ мезананд? Бештар масъалаҳои иҷтимоӣ-мушкилоти зиндагӣ одамро ба худкушӣ водор мекунад. Қарздорӣ, баҳсҳои оилавӣ, муҳаббати беҷавоб, гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ, ору номус ва даҳҳо омилҳои дигаранд, ки инсонро ба сӯи худкушӣ мебаранд. Одам гумон мекунад, ки роҳи халосӣ танҳо дар тарки ин дунё аст, зеро дар назари чунин ашхос мушкилиҳои пешомада бениҳоят бузург ва умуман ҳалнашаванда метобанд.

   Худованд дар ояти 2-уми сураи Нисо мефармояд:

   Ва хештанро макушед. Ба дурустӣ, ки Худо ба шумо меҳрубон аст» (Сураи Нисо, ояти 29).

  Дар ҳадис омадааст,ки «Ҳар касе бо кадом воситае, ки набошад худкушӣ кунад, бо ҳамон чиз дар охират азоб дода мешавад».

  Аз гуфтаҳои боло ба хулоса омадан мумкин аст, ки худкушӣ дар шариати ислом комилан раво набуда, ҳаром дониста шудааст.

  Ҳаким Форобӣ дар ин маврид қайд менамоянд, ки «Одами боақлу фаросат бояд бо худ баҳс кунад, рафтори хешро зери назорат қарор бидиҳад, зеро танҳо ҳамин ҳисоби нек ӯро ба роҳи рост ҳидоят хоҳад кард».

   Дигар масъалаи ташвишовар ин пӯшидани ҳиҷоб ва либосҳои ба тоҷик бегона мебошад, ки имрӯз баъзе аз ҳамватанонро фарогир шудааст ва  ҷомеаи моро метавонад ба қисмҳои мухолиф ҷудо намояд.

   Таърихи инсоният нишон медиҳад, ки беэътиноӣ ба фарҳанги хеш ва бегонапарастӣ боиси маҳв шудани миллатҳои том шудааст. Дифоъ аз унсурҳои миллӣ вазифаи ҷонии мост ва дар ин маврид бояд аз зоҳирпарастӣ даст кашид.

    Либосро нишонаи диндорӣ донистан низ гувоҳи ифротпарастисту халос.

  Сатр бастану ба миён бомба баста худро таркондан, на бузургии миллӣ асту на мазхабӣ. Сатр бастану ба кирдорҳои нанговар даст задан аз имон нест. Сатр бастану худнамои кардан нишони диндорӣ нест. Сатр бастану ба мактаб нарафтан ва илми замонаро наомухтану кор накарданро дини ислом ҳам намепазирад.

   Ва мо ҷавононро бояд тавре тарбия намоем, ки ба номи миллату давлат сазовор бошанд ва нагузоранд, ки душманони миллат ин ватани биҳиштосои моро барои  мақсадҳои нопоки худ истифода баранд.

    Бонувону ҷавондухтароне,ки  фарҳанги бегонаро пуштибонанд дар хусуси таъриху маданияти миллати худ огоҳӣ надоранд.

   Агар мо ба манфиати имрӯзу фардои давлати тозаистиқлол бетараф набуда, дар атрофи сиёсати хирадмандона ва адолатпарваронаи Пешвои миллат муттаҳид шуда, дар радифи бузургтарин арзишҳои башарӣ сулҳу субот, адлу инсоф ва ҳуқуқу озодии инсон заҳмат кашида, бунёдкорию созандагиро шиори хеш қарор диҳем, пас мо метавонем бар зидди ҳама гуна падидаҳои   номатлуб истодагарӣ намоем ва ҷомеаи солиму ояндадорро созем.

    Танҳо иттиҳоду иттифоқ, сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ  моро   ба ин мақсад мерасонад.

Пайёмбари Худо, Расули Акрам  аз гаҳвора то ба гӯр илм омӯхтанро фарзи илоҳӣ  унвон карда аст.

    Бинобар ин аз ҷавонони азиз тақозо карда мешавад, ки илму ҳунар омӯзанд, то ки Тоҷикистон аз пешрафти илму техника ва  тарақкиёти ҷаҳонӣ қафо намонад.

   Шоир Муҳаммад Иқбол дар ин бора хеле хуб фармудааст :

Илми ҷаҳон ба авҷи фалак хайма 

                                                     мезанад,

Дар хокбозиянд ҷавонони мо ҳанӯз.

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш баробари дигар масъалаҳои мубрами рӯз нисбат ба эҳё ва рушду тараққӣ додани сайёҳӣ таъкид доштанд, ки Соли 2018 соли рушди сайёҳи ва  ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад.

   Ин пешниҳоди Пешвои миллат аз як тараф барои рушду равнақ ёфтани сайёҳию эҳё гардидани ҳунарҳои мардумӣ боис гардад, аз тарафи дигар барои беҳтаршавии сатҳи зиндагии мардум замина мегузорад.

   Танҳо тавассути меҳнати ҳалол ва заҳмати шабонарӯзӣ  инсон метавонад дар ҷомеа мавқеи хешро пайдо намояд.

Ҷалолиддини Балхӣ дар ин бора фармудааст:

Гар таваккал мекунӣ дар кор кун,

Касб кун пас такя бар Ҷаббор кун.

   Мо боварӣ дорем, ки ҷавонони ҳунарманди шаҳри Кӯлоб, ки ҳамеша ливобардорони санъату ҳунар маҳсуб мешаванд,  бо ҳунари нотакрори худ  ҳар яки моро тасхир хоҳанд кард.

   Боварӣ дорем, ки имсол бахшида ба Рӯзи ҷавонон эълон гардидани «Ҳафтаи ҷавонон» таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари ҷавонон» дар таърихи ҳаракати ҷавонони шаҳр саҳифаи наве кушода, чорабиниҳои дар ин давра доир гардида барои муттаҳидии ҷавонони мо ва дар руҳияи ватандустию хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо нақши калоне хоҳад бозид.

   Бори дигар ҳамаи шуморо бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод менамоям.

  Саодатманду сарбаланд бошед!

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code