Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  аз тарафи вакилони маҷлиси намояндагони халқи шаҳр, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, фаъолони ҳизби халқи-демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии суханронии Пешвои миллат бо аҳли ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон гурӯҳҳои корӣ  таъсис ёфта, вохӯриҳо доир шуда  истодаанд.

    Чунин вохӯрӣ дар “Таваллудхонаи вилоятӣ” бо роҳбарии  раиси хизби халқӣ- демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Валиева С баргузор карда шуд.

   Баромадкунандагон зимни баромадҳои худ аз ҷумла зикр намуданд, ки суханронии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бениҳоят муҳиму ибратбахш буд. Пешвои миллат оид ба анҷом додани корҳои хайру сахо дар арафаи моҳи шарифи Рамазон дастуру супоришҳо дода, ҳамзамон вобаста хатарҳои терроризму экстремизм ҳушдор намуданд ва ҳамчун Сарвари хирадманд моро бар он таъкид сохтанд, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон – истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем.

    Дар навбати худ иштирокдорон низ баромад намуда, гуфтанд, ки сиёсати сулҳпарваронаи Сарвари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ҳар як ҳидояту Паёми Пешвои миллатро ҳамчун дастурамали корӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ истифода хоҳанд бурд.

Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code