Кӯлоб. Роҳҳо таъмир мешаванд

   Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар асоси сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон  зимни  татбиқи барномаҳои давлатӣ ва  ҷалби сармояи хориҷӣ садҳо километр роҳҳо  таъмиру азнавсозӣ гардида, бунёду навсозии  роҳҳо  идома доранд.

   Дар шаҳри  Кӯлоб бо ҷалби сармояи хориҷӣ аз ҷониби фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ ширкатҳои роҳсозии Синзян Бейсинг ва Чайна Роуди хитойӣ дар соли 2018 масофаи 11, 4 километр роҳҳои автомобилгард  таъмиру таҷдид ва ду пул азнавсозӣ карда шуда,  барои марҳилаи сеюми таъмиру азнавсозии роҳҳои шаҳри  Кӯлоб пешниҳод ирсол карда шуд.

    Имсол  аз буҷети маҳаллӣ ба соҳаи нақлиёту коммуникатсия 131 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Дар 14 км роҳҳои автомобилгарди байниноҳиявӣ ва 1,5 км роҳҳои автомобилгарди дохилишаҳрӣ таъмири ҷорӣ карда шуданд. Ҳамчунин 1,2 км пиёдароҳҳо таъмиру барқарор гардиданд.  Дар баробари ин аз ҷониби соҳибкорон 500 метр  роҳҳо таъмири асосӣ (асфалтпуш) ва 500 метр сангфарш карда шуданд.

  Барои таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта тибқи қарори раиси шаҳр гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, барои муайян намудани ҳолати роҳҳо таҳлил  гузаронида истода, бояд 120 км роҳҳои автомобилгарди деҳот ва 21 км роҳҳои автомобилгарди дохилишаҳрии аҳамияти маҳаллидошта таъмиру таҷдид карда шаванд.

                                                               Бахши бойгонӣ- матбуотӣ  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code