Ҷойивазкунандагони шахсиятҳои муътабар

   Бахшида ба таҷлили «Рӯзи ҷавонон»  ва дар ҳамин замина эълон гардидани «Ҳафтаи ҷавонон» таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари ҷавонон» дар шаҳру деҳоти Кӯлоб як қатор чорабиниҳо баргузор шуда истодааст.

    Чунин як чорабинии хотирмон бо ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ дар мактаби Президентӣ барои бачагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки директори мактаб,  мудири бахши ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, мудири бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  ва мутахассиси пешбари Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи  дастгоҳи раиси шаҳр доир гардид.

   Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба  омӯзгороне, ки дар тарбияи ин ҷавонони хуштолеъ саҳми хешро гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки агар минбаъд низ ин наврасону ҷавонон  чунин талошу заҳматҳои худро ҷиҳати илмомӯзӣ идома бахшанд, дар оянда ҷойгузини олимону шахсиятҳои  муътабари  ҷумҳурӣ хоҳанд шуд.

                                                  Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code