Моҳи хайру савоб

   Вобаста ба фаҳмондадиҳии муҳтавои вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии кишвар, гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини соҳавии раиси шаҳр Исмоилзода С дар бозорҳои шаҳр бо соҳибкорон вохӯрӣ анҷом дод.

   Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки дар моҳи шарифи Рамазон бояд соҳибкорон ба шахсони яккаву танҳо, эҳтиёҷмандон кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида, аз баргузории ифторҳои пурдабдаба, ки  худнамоӣ мебошад, худдорӣ намоянд.

   Ҳамчунин соҳибкорон таъкид карда шуданд, ки нархи маҳсулотҳо, бахусус маводи хӯроквориро баланд набардошта, ба суханони  ғаразнок ва беасоси баъзе аз  гурӯҳҳои хатарзой  гӯш надиҳанд.

   Соҳибкорон низ дар навбати худ иброз доштанд, ки дастуру супоришҳои роҳбари давлатро ҷонибдорӣ менамоянд.

                                                                                                          Бахши бойгонӣ –матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code