Қадри обро ташна медонад

   

    Дар Муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб рӯзи 17 уми майи соли равон бахшида ба оғози даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028», конфренсияи илмӣ – фарҳангӣ баргузор гардид.

   Конференсияро сардори Раёсати муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб Ҳабибулло Сангов  ифтитоҳ бахшида, баромади ӯ дар мавзӯи «Пешниҳодоту ҳидоятҳои  Пешвои муаззам ба нафъи аҳли башаранд» шунида шуд.

   Дигар баромадкунандагон  Қурбоналӣ Назаров – мудири шуъбаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти минтақа дар мавзӯи «Об манбаи ҳаёт»,  устоди Донишгоҳи  Давлатии Кӯлоб Ҳасан Шоинов  дар мавзӯи «Қадри зарро заргар медонаду қадри обро ташна» баромад намуданд.

   Сипас  иштирокдорони конференсия  наворҳоро тариқи тахтаи электронӣ  оид ба мушкилоти норасоии об дар курраи замин, шаршараҳои зебои Тоҷикистон   ва баромади Пешвои муаззами  миллат аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид доир ба пешниҳоди ӯ ба  даҳсолаи байналмилалии  амал «Об барои рушди устувор 2018-2028», намоиш дода шуд.

                                                     Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code