Таҳлили масоили рӯз

Санаи 14 майи соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардида, аввалан масъалаи «Дар бораи рафти таъмиру азнавсозӣ ва иҷрои корҳои ободонӣ дар муассисаҳои тиббии шаҳру деҳоти Кӯлоб» шунида шуда, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

         Дар муҳокимаи ин масъала раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло қайд намудаанд, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мазкур таваҷуҳи махсус зоҳир намуда, доимо дар баромаду суханрониаш  ҷиҳати ба аҳолӣ расонидани хизматрасонии хуби тиббӣ, сохтмону таъмиру бунгоҳи тиббӣ, таъмини шароити зарурӣ барои қабули беморон дар марказҳо, бунгоҳхо ва нуқтаҳои тиббӣ  дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Аз ҷумла дар мулоқоти худ бо аҳли зиё, ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва динӣ дар санаи 12 майи соли 2018 таъкид доштанд, ки барои ба хизматрасонии пурраи тиббӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар ҳамаи деҳаҳо муссисаҳои тиббӣ сохта шаванд ва дар нуқтаҳои тиббӣ зина ба зина барои таваллуду хатна шароити зарурӣ муҳаё карда шаванд. Оид ба иҷрои дастурҳои  додашудаи  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳр вазифаҳоро ба масъулин муайян намуда, иброз дошт, ки ҳар моҳ оид  ба рафти амалишавии супоришҳои додашуда назорат бурда мешавад..

  Сипас масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла

-ҳолати духти либосҳои мактабӣ дар шаҳри Кулоб  дар  соли 2018

-дар бораи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-пешгирии ҳодисаҳои ҳолатҳои фавқуллода ва корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ;

 -рафти иҷрои нақшаи андозҳои давлатӣ ва чораҳои кам кардани  бақияпулиҳо;

-ҳолати ҷамъоварии  маблағҳои барқи  истифодашуда;

-бартараф намудани қарзи музди меҳнат дар корхонаҳои коммуналӣ;

-сохтмони муассисаҳои таълимии нав ва таъмири муассисаҳои  садамавию таъмирталаб;

таъмиру азнавсозии биноҳои муассисаҳои соҳаи тандурустӣ;

– андешидани тадбирҳои амалӣ доир ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ;

          – ҳолати тоза намудани заҳбуру каналҳо, рафти нигоҳубини пахта дар хоҷагиҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб;

  -вазъи тозагии шаҳр, корҳои  кабудизоркунӣ ва гулшинонӣ дар шаҳр  мавриди баррасӣ қарор дода шуда, гузоришҳои шахсони масъул шунида шуда, аз  муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони бахшу шуъбаҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳо пурсиш намуда, вазифаҳо аз тарафи раиси шаҳр  барои ҳафтаи навбатӣ муайян гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code