Дар корхонаи  рассомӣ- ҳайкалтарошии ҶДММ  «Нури Шамс», воқеъ дар маҳаллаи  Борбад,  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ асарҳои пайкарасоз,Узви иитифоқи рассомон, дизайнерон ва  аълочии фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шамсудин Одинамадов ва шогирдони мактаби рассомии  шаҳр, ки бевосита  Шамсуддин Одинамадов ба онҳо дарс мегӯяд ба маъраз гузошта шуд.

  Дар  намоишгоҳ  рассомону ҳайкалтарошон ва дустдорони   санъати тасвирӣ ширкат намуда, таассуроти  зиёд  бардоштанд.

  Дар ҳавлии коргоҳ ҳайкали  Абуабдуллоҳ  Рӯдакӣ ба чашм расид, ки  бо назардошти бунёд гардидани бинои нави маъмуриву таълимии Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб  ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ва таҷдиди майдони фаввораҳо зарурати дар назди Донишгоҳ аз нав гузоштани муҷассамаи устод Абуабдуллои Рӯдакӣ, ки ба тарҳ ва намуди берунаи бино мувофиқат кунад,  пеш омада буд. Бинобар ин, муҷассамаи  қофиласолори назми тоҷик, сардафтари адабиёти тоҷик, Одамушшуаро,  Абуабдуллои Рӯдакӣ аз ҷониби ҳайкалтарош Шамсуддин  Одинамадов  сохта шуд.

   Ин ҳайкалтароши чирадасти касбӣ дар  зебоии шаҳру минтақаи  Кӯлоб ва вилояти Хатлон  саҳми беандоза калон гузоштааст. Бахусус нақши  эҷози  дастони ӯ  дар «Муҷассамаи модар», «Нишони давлатӣ»-и шаҳри Кӯлоб, фаввораи  «Дустӣ»-и боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳри Кӯлоб, «Рақси чакани»-и   фаввораи маҳаллаи Исмоили Сомонӣ, Чил сутуни Муҷтамаи  2700-солагии шаҳри Кӯлоб, гавазни бухороии  назди дарвозаи шаҳр, сайди  морхӯр ва уқоб дар Бустонсарои шаҳр, муҷассамаи «Оила» дар назди бинои САҲШ-и шаҳр Кӯлоб  нимпайкараҳои  Ашӯр Сафар, Саидҷон Ҳакимзода, Рустами Абдураҳим имрӯзҳо гулгашту боғҳои шаҳрро зеб медиҳанд. 

   Ба ғайр аз ин ҳунари нотакрори  Шамсиддин   Одинамадовро  дар  сутунҳои Қасри миллат, нишони ноҳияи Восеъ, Рустам Амакиев, Ғоиб Сафарзода, фаввораҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, нимпайкараи омӯзгори хизматнишондода Бегов Ёраҳмад дар ноҳияи Фархор, Сайдалӣ Вализода ва Фатҳиддин Тешаев дар ноҳияи Ховалинг  ва берун аз минтақаи Кӯлоб  мушоҳида намудан мумкин аст.

  Хуллас  дар ҳар куҷо ки ин ҳунарманд  нияти эҷод кардан намояд,  он ҷо обод мегардад. 

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code