Бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавондухтарон ба ҳаёти мустаъқил, баланд бардоштани донишу малакаи касбомӯзӣ,  ҳидояти ҷавондухтарон ба рӯзгордорӣ, ба хотири арҷгузорӣ ба расму оинҳои миллӣ, мероси ниёгон ва анъанаҳои миллии мардуми тоҷик ва эълон гардидани Соли соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон маҳфили «Рӯзгордорӣ доир шуд.

   Донишҷӯдухтарони муассисаҳои олӣ, коллеҷҳо ва литсейҳои касбӣ- техникии шаҳру ноҳияҳои вилоят»- дар ин маҳфил  дар ду давра ширкат намуданд.

   Донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  Саидзода Розия дар маҳфили мазкур  фаъолона ширкат намуда, сазовори ҷойи аввал гардида, бо сипоснома ва тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  сарфароз гардонида шуд.

                                                                                                                            Файзова Дилором 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code