Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи оила

     

   Оила ҷузъи ҳастии инсоният ва қисми ҷудонашавандаи  миллату давлат ба шумор меравад. Пойдорию устувории давлату миллат  маҳз аз мустаҳкамии оила вобастагӣ дорад.  

Дар саросари Ҷумҳурӣ  санаи 15 май, ҳамчун Рӯзи оила таҷлил мегардад.Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар театри мазҳака- мусиқии  шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Дар чорабинӣ  муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамоҳ Маҷидова   роҷеъ ба устуворию пойдории оила  ва дар ҳамин замина баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии оилаҳои ҷавон  баромад намуда, таъкид дошт,  ки тайи солҳои истиқлолият сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба беҳдошти муносибатҳои оилавӣ ва пойдории оила равона карда шудааст.

Қайд гардид, ки чуноне, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон санаи 12 майи соли равон  таъкид доштанд:

«Бо вуҷуди пурзӯр  намудани назорат аз болои иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” риояи муқаррароти онҳо беҳбудиро талаб менамояд.

Масалан, дар соли 2017 ва се моҳи соли ҷорӣ барои қонуншиканиҳо дар самти таълиму тарбияи фарзанд зиёда аз 23 ҳазор нафар падару модарон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Дар ҳамин давра, танҳо аз марказҳои дилхушӣ қариб се ҳазор нафар ноболиғон аз тарафи мақомоти дахлдор боздошт шудаанд, ки аз бемасъулиятии баъзе падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон шаҳодат медиҳад” .

Сабабгори асосии ин бемасъулиятӣ оила буда, он  ягона сарчашмаи хушбахтӣ, некуаҳволӣ ва муваффақияти ҳар фард аст, ки ба оромию суботи ҷомеа замина мегузорад. Ҳар фард дар оила тарбия мегирад, ба камол мерасад ва ба ҳаёти мустаъкилона омода мегардад.

Пошхурии оилаҳои ҷавон тайи солҳои охир зиёд ба чашм мерасад, ки худ шаҳодати паст гаштани муносибатҳои оилавӣ мебошад. Ҳар аъзои  оила мебояд дар таҳкими пояи оиладорӣ саҳмгузор бошад.     

Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки дар паси ҳар оила тақдири минбаъдаи зан-модар, ояндаи неки фарзандон, хушбахтии якчанд тан ва суботи ҷомеа истодааст. Мебояд андеша кард, ки ҷудошавӣ ба ояндаи насл чӣ таъсире мерасонад.

Дар ҳама давру замон халқу миллати тоҷик бо маданияти хосаи оиладории худ, муносибати неки байниҳамдигари волидайну фарзанд ва ҳифзи муқаддасоти оила аз дигар миллатҳо фарқ мекарданд ва ба ҳамагон зарур аст, ки сари ин масъала диққат намуда, муносибати худро ба оила тағйир диҳанд.  

Дар чорабинӣ оилаҳои намунавӣ  ширкат варзида дар бораи оила ва оиладорӣ  суханронӣ намуданд. 

Дар идомаи чорабинӣ оилаҳои намунавӣ ва ҷавон бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  сарфароз гардонида шуданд. Дар фазои мутантан ба се ҷуфт оилаи ҷавон аз тарафи мудири бахши САҲШ  дар шаҳри Кӯлоб  Иброхимзода Муъмина Бозоралӣ  шаҳодатномаи ақди никоҳ  супорида шуд.

Чорабиниро  таронаҳои дилошуби  ҳунармандони бахши фарҳангӣ шаҳри Кӯлоб ва намоишномаи театрии “ Гирдоби зиндагӣ”  идома  бахшид.

                                                            Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code