Моҳвораи Ҳилоли Аҳмар

   

    Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2011, №504 «Дар бораи тасдиқ намудани тартиб, шарт ва мӯҳлати гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар» дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бахшида ба рӯзи Ҳаракати байналмиллалии ҷамъиятхои Салиби Сурх ва Ҳилоли Ахмар бо иштироки васеи намоянданони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолон  зиёиён  шахсони касбу кори гуногун,  шаҳру ноҳияҳои болозикр чорабиниҳои тантанавӣ барпо карда шуда истодааст.

Максад аз гузаронидани чорабинии мазкур ба аҳолӣ расонидани маром ва мақсадҳои Оинномавии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мебошад.

Дар рафти ин чорабинӣ оид ба  Ҳаракати Байналмилии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Ахмар тариқи презентатсияхо баромадо карда шуда, ба иштирокчиён филномахои дорои хусусиятхои башардустӣ ва расонидани кумак ба аҳолии ниёзманд намоиш дода шуданд.

                                                               Бахши бойгонӣ – матбуотӣ                          

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code