90-солагии Ашӯр Сафар хотирмон гузашт

   

    Дар шаҳри Кӯлоб ба хотири 90-солагии  яке аз адибони шуҳратёри   кишвар Ашӯр Сафар- шоири халқии Тоҷикистон, барандаи мукофоти давлатии ба номи Рудакӣ, ки   беш аз 50 сол дар арсаи шеъру шоирӣ қаламфарсоӣ намудааст, ҳамоиши ҷолибу хотирмон баргузор гардид.

   Субҳи барвақт адибони шинохтаи кишвар раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, Гулназар Келдӣ, Меҳмон Бахтӣ, Абдулҳамид Самадов, Шаҳриябону, Муҳаммад Ғоиб, Давлат Сафар, Камол Насрулло, Сафар Амирхон, Парда Ҳабиб, Алимуҳаммад Муродӣ, Наср Бобои Сарфароз, ҳунармадон Мирзоватан Миров, Толибҷон Бобоев, ховаршинос Зафар Мирзоён, фарзандони устод  Гурез Сафар,  Файзи Ашур,  адибони Кӯлобӣ Ҳақназар Ғоиб, Одина Раҳмон, Сулаймон Султон, Нуралӣ Яъқуб дар якҷоягӣ бо толибилмони муассисаи №50, ки номи устод Ашӯр Сафарро дорад дар назди нимпайкараи Ашӯр Сафар гулчамбар гузошта шуда,  аз зиндагиномаи  устод ёдовар шуданд. Сипас толибилмон аз осори устод   шеърҳо қироат намуданд.

   Идомаи чорабинӣ дар толори қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб  ҷараён ёфт. Меҳмонон, шоирону нависандагони  шуҳратёри  кишвар,    раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,   Низом Қосим,  Гулназар Келдӣ, Меҳмон Бахтӣ, Абдулҳамид Самадов, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Давлат Сафар, Шаҳриябону зиндагиномаи   устодро варақгардон намуда аз  латифаҳои намакини шоир ёдовар гардида, шеърҳои ба устод бахшидаи худро қироат намуданд.

   Маҳфилро  композитсияи бадеии ҳунармандони театри мазҳака- мусиқии  ба номи Сайдалӣ Вализода, сурудхонии сарояндагон Ҷамшед Исмоилов, Файзалӣ Ҳасанов, Мирзоватан Миров, Нурулло Холов обу ранги тоза бахшид.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code