Роҳгумзадаро роҳи дигар нест……

Роҳгумзадаро роҳи дигар нест……

Шоир фармуда: Рӯзе ки аҷал кунад шабохун, албатта бибояд аз ҷаҳон рафт, Гар дил набуд асири дунё, осон ба он ҷаҳон тавон рафт.   Маънои ин мисраъҳоро  бо чанд намуд тафсир кардан мумкин аст. Аз ҳама маънои равонии он ин аст, ки Худои таъоло он чи ки додааст, бояд ба он шукрона кард. Мо чи қадар даҳшатҳоеро аз сар нагузарондаем. Ҷанги таҳмилие, ки ҷанги бародаркӯшӣ буд, бояд барои мо сабақ мешуд. Лекин афсус, одамӣ шири хом хӯрда, андешаи пасу пеши худро намекунад. Аз қабили чунин афрод, шахсоне ёфт шуданд, ки исломи беолоишро байрақи зафари  худ шуморида, шахсони гаравандаро сӯи худ кашидаанд ва дар ин замина ҳизби худро муаррифӣ намуданд ва ин ҳизбро Ҳизби наҳзати ислом номгузорӣ карданд.  Дар тоҷикон як масал аст: Шермардон  мӯзаҳояшонро нал заданд ва қурбоққа ҳам пойяшро ба нал задан пешниҳод намуд. Ин нал пойи қурбоққаро чунон халонид, ки худро ба чор тараф ҳавола додан гирифт. Аз бадию бахилӣ шермардонро ҷазо  доданӣ шуд ва ба ин мақсад ҳаммаслакони худро дар атрофаш ҷамъ карда, ба онҳо мубориза бурданро оғоз кард.  Аз ин қабил ҳаммаслак Ҳоҷӣ Ҳалим  ( садқаи номи ҳоҷигӣ кунад)  ва  шарикони ӯ буданд. Чи тавре, ки дар боло гуфтем: гар дил набуд асири дунё, осон ба он ҷаҳон тавон рафт. Вале дили ин гуна мардум  ба чизу мол ва мансабталабӣ майл дошт. Ҳалим Назаров соҳиби мансаб, молу мулк, чизи бисёр гашт, аммо ба ин ҳам қонеъ нашуда, мисли Қорун дунёро гирифтан мехост, аммо хушбахтона ба мақсад нарасид. Оқибат  ҷисми ин бадкирдорон туъмаи зоғу зағанд гардид, чашмонашонро кирм хӯрд ва бешаҳодат аз дунё рафтанд. Бояд як чизро қайд кунам, ки сентябри соли 1997 ҳамин нохалафон мошини шахсии маро бо молу ашё зиёд дар шаҳри Ваҳдат бо таҳдиди яроқ аз дастам гирифта буданд  ва ман ҳамон сол фаҳмидам, ки такягоҳи инҳо Ҳизби наҳзати ислом буд. Ин гуруҳҳои терористӣ худро аввалан дар оштии миллӣ ва баъдан дар Ҳукумати Тоҷикистон  шомил карданд. То имрӯз ман  аз онҳо ҳеҷ боварӣ  надорам. Ба Ҳукумат шомил шудани онҳо аз рӯи ғараз буд. Аз ҳама  даҳшатнокаш он аст, ки  ин душманон  бо сардории Ҳалим Назаров  писари ҳамсабақи мактабиам Шерматхонро, ки дар Вазорати корҳои дохилӣ кор мекард, ваҳшиёна куштанд. Ман нағз медонам, ин писарони Шерматхон аз модар хурд сағир монданд ва бо азобу уқубат нав соҳиби як нола нон шуда буданд.  Баъди ин қадар бераҳмию бешавқатӣ мо чӣ гуна ин ваҳшиёнро баҳо диҳем? Чунин кирдори нопоки Ҳалим Назаров  ва ҳаммаслакони  ӯро аз ҲНИТ садҳо маротиба маҳкум кардан зарур аст. Сулҳе, ки Президенти кишварамон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва  қиматтарин  чиз мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Нагузорем, ки нохалафе ин сулҳи моро доғдор намояд. Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ниҳояти кор бисёр қарори одилона қабул кард ва ин ҳизбро ҳизби терористӣ эълон намуд, ки инро бояд чандин сол пештар қабул мекарданд. Мардуми шарифи Тоҷикистонро ба он даъват мекунам, ки шукронаи ин неъмати худододро карда, баҳри сулҳу салоҳ ва ободии кишвар  саъйю кӯшиш намуда, бо дили гарму қалби пок меҳнат кунанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code