Истиқболи гарму самимии меҳмонони Бадахшонӣ

       

       

   Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз 10 май дар доираи таҷлили  рӯзҳои фарҳанги вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар вилояти Хатлон  аҳли зиё ва фарҳанги вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри бостонии Кӯлоб ташриф оварданд.

   Дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб аз ҷониби ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  дар назди меҳмонхонаи «Роҳи Абрешим»  мардуми шаҳри Кӯлоб меҳмононро  бо шукуҳу шаҳомати беандоза истиқбол гирифтанд.

   Дар расми қабули меҳмонон раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, муҳассилин, кормандони бахши фарҳанг, театри мазҳака-мусиқии шаҳри Кӯлоб  ширкат намуда, меҳмононро хуш пазироӣ намуданд.

  Шеърхонии   истиқболгирандагон, садои  карнаю сурнай, хори умумӣ,  рақсу таронаҳои ҳунармандон ба  истиқболи меҳмонон  шукӯҳи тоза мебахшид.

   Сипас меҳмонон ба театри мазҳака- мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализода омада,  асари Ҷумъа Қуддус «Баҳори ваҳдат»- ро   тамошо намуданд. Асари мазкур дар бораи сулҳу  салоҳ ва дар бораи чи гуна ба ваҳдат расидани мардум  қисса мекард, ки хеле  ҷолибу хотирмон  буд.

  Субҳи 11 май бошад аз ҷониби меҳмонон ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  дар якчанд гӯшаи шаҳр чорабиниву ҳамоиш ва маҳфилҳо  доир гардид. Дар китобхонаи ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили адибони  Бадахшонӣ ва Кӯлобӣ  гарму самимӣ  доир карда шуд.

   Адибони Бадахшонӣ  Лаълҷуъбаи Мирзоҳасан, Алидоди Чароғабдол, Руқияи Даврон, Шаҳзодаи Саидиброҳим, Гулнисои Ризвоншоҳ, Гулнисои Ато,  Саодати Саидназар ва адибони Кулобӣ шоири халқии Тоҷикистон  Ҳақназар Ғойиб, Лутфи Хомуш, Хосият Вализода,  Сулаймон Султон, Ҳуснигул Раҳимзода, Одина Раҳмон, Нуралӣ Яъқуб иштирок ва  шеърхонӣ намуданд.  Дар маҳфил аъзоёни маҳфилҳои «Ганҷи Хатлон» ва  «Эҷод» низ   ширкат намуданд.

   Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб конференсия таҳти унвони «Модарон дар шоҳроҳи ваҳдат» бо иштироки 5 нафар фаъолзанони шаҳри Хоруғ ва  40 нафар фаъолзанони шаҳру деҳоти Кӯлоб доир карда шуд.

   Дар толори  қасри ҷавонони  шаҳри Кӯлоб бо иштироки 15 нафар ҷавонони бадахшонӣ  ва 250 нафар ҷавонони Кулобӣ маҳфили ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон пайравӣ пешвои миллат» доир карда шуд.

  Ҳамзамон дар боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳри Кӯлоб       аз ҷониби санъаткорони  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  барномаи ҳунарӣ пешкаши ҳаводорони  суруду мусиқиҳои куҳистонӣ гардонида шуд.

   Дар ҳама маҳфилу нишастҳо сухан дар бораи сулҳу ваҳдат,  дустиву бародарӣ  ва саҳми беназири Пешвои миллат дар барқарорсозии Ватани маҳбубамон мерафт ва ҳифзу нигаҳдошти ваҳдати миллӣ, сулҳу салоҳ вазифаи ҷонии ҳар як тоҷики соҳибхирад   маҳсуб меёбад.

                                                            Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code