Кӯлоб. Чорабиниҳои хотирмон

        

   Дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ,  Кумитаи кор бо ҷавонон  ва  варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  як зумра  чорабиниҳои варзишиву  маърифатӣ  доир шуд, ки боиси хушҳоливу фараҳ ва некуаҳоволии  мардуми шаҳри Кӯлоб гардид.

   Доир намудани корҳои ободонӣ дар  атрофи Фурудгоҳ, истгоҳи   Роҳи оҳан,  боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, тоза намудани манзили зисти пиронсолону маъюбон, гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо намозгузорони  масчидҳои ҷомеъи шаҳри Кӯлоб,  кашидани хатҳои уфуқӣ дар  роҳи асфалт, «Аксияи яхмос», гузаронидани маҳфили «Ҳамешабаҳор» аз чорабиниҳое маҳсуб меёфт, ки   Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Кулоб доир намуд.

     Шурӯъ аз санаи 30-юми апрел дар шаҳри Кӯлоб   бо ташаббуси якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ,  Кумитаи кор бо ҷавонон  ва  варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои варзишӣ доир гардид.

  Варзишгарони шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор, Данғара, Темурмалик, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин дар намудҳои варзиши волейбол, футбол,  теннис, шашка, шоҳмот, гуштини миллӣ, оббозӣ ширкат ва  қувваозмоӣ намуданд.

    Дар чорабинӣ  раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло,  муовини раиси вилояти  Хатлон Хидирзода Махфират, раиси Кумитаи  ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам.  намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ  Ваҳобзода Барот баромад намуда, қайд карданд, ки чорабиниҳои  баргузоршуда ҷиҳати афзун намудани фаъолнокии ҷавонон мусоидат намуда,  ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва неруи ақлониву ҷисмонии ҷавононро боло  мебарад.

       Ғолибони мусобиқаҳо аз ҷониби меҳмонон ва раиси шаҳр бо медалу туҳфаҳои қимматбаҳо аз қабили яхдону телевизор, қолинҳо ва асбобҳои маишӣ   сарфароз ва қадрдонӣ карда шуданд.

      Дигар чорабиние,ки то дер боз дар лавҳи хотири сокинони шаҳр боқӣ мемонад, ин  баргузории маҳфили адабии «Хамешабаҳор» бо иштироки шоири шинохта устод Хайрандеш буд.

     Маҳфили адабии «Ҳамешабаҳор» дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб бо иштироки адибон ва 550 нафар  сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб баргузор гардид.

   Нахуст адибону донишмандон ва собиқадорони фарҳанги шаҳру минтақаи   Кӯлоб Ҳақназар Ғоиб, Алимуҳаммад Муродӣ,   Хосият Вализода, Зафар Мирзоён, Файзи Ашур, Лутфи Хомуш, Сулаймон Султон, Одина Раҳмон, Неъмат Ҳабиб, Андалеби Хатлонӣ, Абдуқаҳхори Мусо, Шафақ, Акбари Маҷид, Гулмурод Зуҳуров ва чанде дигар адибону донишмандон барои ҳамкорӣ бо ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маърифат ва ватандустии шаҳрвандон бо сипоснома ва туҳфаҳои молиявии  Вазорати корҳои дохилӣ сарфароз гардонида  шуданд. Адибон ҳар кадом аз фазои сулҳу субот ва оромии кишвар суханронӣ намуда изҳори сипос ва минннатдории худро бо мисраҳои шеърӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баён доштанд.

    Маҳфили «Ҳамешабаҳор»  шоу- барномаи телевизиониеро  мемонд, ки аҳли толор ҳамагӣ кушиш мекарданд дар ҳар  як шарт ва равзаи он ширкат намоянд, зеро онҳоро маблағҳои қимматбаҳо интизор буд.

  Маҳфили мазкур аз ҳафт равза иборат буда дар ҳар як  равзаи таъсисдодаи маҳфил   «Равзаи афрӯза» (китобхонӣ), «Равзаи афроза» (шоҳбайтхонӣ), «Равзаи афшина» (зарбулмасали беҳтарин), «Равзаи  афшона» (шаҳдафшонӣ ё латифагуӣ), «Равзаи андеша» (муаммо, абҷад,   чистон), «Равзаи ангора»( тафсири шоҳбайт), «Равзаи ангеза»  (байтбарак)   ҳафтнафарӣ ширкат намуда дар маҷмуъ ҳафт  нафар  ғолиб дониста шуда, бо туҳфаҳои Вазорати корҳои дохилӣ  мушарраф гардонида шуданд.

   Шоми санаи 4-уми  май бошад  бо иштироки  ситораҳои санъати тоҷик  Сурайё Қосимова,  Давлатманд Холов,  Шуҳрат Сайнаков, Шабнами Сурайё, Зафари Аюбӣ, Нишонаи Рустам, Амрохон Раҳимов, Сабринаи Ашуралӣ,   Нишонаи Рустам, ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ, ансамбли овозадори рақсии «Лола»  дар Амфитеатри боғи ба номи Исмоили Сомонӣ  бо иштироки 12 ҳазор нафар тамошобинон консерти  муҳташаму  хотирмон   баргузор  гардид, ки то дер боз дар ёду хаёли мардуми Кӯлобшаҳри бостонӣ боқӣ хоҳад монд.

                                                             Сулаймон Султон

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code