Рӯзи Ғалаба

    Иди Ғалаба дар шаҳри Кӯлоб  бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

   Субҳи 8 май  раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло  собиқадорони  Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони башардуст, чернобилчиён, аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии «Ҳомиёни Ватан» ва дигар фаъолони шаҳру деҳоти Кӯлоб  дар пояи лавҳаҳои  «Оташи ҷовид», «Сафар Амиршоев», «Саидҷон Назаров»  ва муҷассамаи боғи «Ғалаба»  гулчамбар гузошта, бо  лаҳзаи хомушӣ хотираи шаҳидони ин ҷанги пурдаҳшатро гиромӣ доштанд.

   Чорабинии ботантана дар майдони боғи Ғалаба ҷараён  ёфт. Раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло  ва собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мирзо Бекматов ҳозиринро бо Рӯзи Ғалаба муборакбод намуданд.

   Раиси шаҳри Кулоб дар баромади табрикотиаш аз ҷумла қайд намуд, ки ҳамаи мо ба қадри беҳтарин неъмат- сулҳу ваҳдат, ки бо ҷонбозиҳою талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ҳукмфармост, бояд расем ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

    Сипас як қатор  фаъолони шаҳру деҳоти Кӯлоб  аз тарафи раиси шаҳр бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

     Чорабиниро  ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб, театри мазҳака- мусиқии ба номи Вализода ва ансамбли «Фалак»  таровати тоза бахшиданд.

                                                            Бахши бойгонӣ- матбуотии мақомоти иҷроияи

                                                              ҳокимияти  давлатии шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code