Хизматрасонии ройгони тиббӣ

    Корвони саломатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Азиз Абдусаттор дар якҷоягӣ бо устодони баландпояи соҳаи тиб, профессорону табибони пуртаҷриба, сардорони муассисаҳои тандурустӣ ва дигар шахсони масъул ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сафарбар гардиданд.

         Дар оғози ин чорабинии муҳими тиббӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Одиназода суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тиб дар кишвар сол ба сол рушду такмил меёбад ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ мунтазам боло меравад.

   Дар рафти чорабинӣ зиёда аз 4150 нафар сокинони шаҳри Кӯлоб аз муоинаву ташхиси комилан ройгони тиббӣ баҳра бурданд. Аз ҷумла 439 нафар аз ташхиси ВНМО, 511 нафар аз ташхиси ултрасадоӣ ва 192 нафар аз ташхиси флюриографӣ гузашта, инчунин 425 кӯдак хатна карда шуда, ба 11 нафар кӯдак љароҳии чураи модарзодӣ  гузаронида шуд.

 Ҳамзамон, барои шахсони маъюб вобаста ба шакли маъюбияташон 11 дона аробачаи маъюбӣ, 53 дона асо ва 40 дона пойафзол дода шуд.

 Илова бар ин, аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ” гиёҳҳои шифобахш ва нӯшобаҳои аз растаниҳои шифобахш омодашуда миёни сокинон тақсим карда шуд.

                       Бахши бойгони- матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code