Баромади Раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло бахшида ба Рӯзи Ғалаба

      Ҳамдиёрони азиз,

     Диловарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ !

  Собиқадорони башардуст, иштирокчиёни садамаи Чернобил ва барқароркунандагони ҳукумати Конститутстонӣ

   Аз анҷоми мудҳиштарин ҷанг дар таърихи башарият, ҷанге, ки дар он қариб 50 миллион нафар одамон ҳалок гардиданд,  73-сол сипар шуд. 9-майи соли 1945 парчами пирӯзии артиши Шӯрав дар шаҳри Берлин, болои Рейхстаг зада шуд, ки он шаҳодати фурӯпошии режими гитлер ва торумори артиши Германияи фашист буд ва ин рӯз ҳамчун рӯзи анҷоми Ҷанги Бузурги Ватан дар таърихи инсоният бо ҳарфҳои зарҳалин сабт шуд.

   Иҷозат диҳед, ҳамаи Шуморо ба муносибати ин рӯзи саид табрику таҳният гуфта, ба шумо пеш аз ҳама тансиҳат ва  дар кору рӯзгоратон  барору комёбиҳоро  орзу намоям.

  Ҷанги Бузурги Ватан ҳамчун пурдаҳшадтарин ҷанг дар таърихи инсоният шинохта шуда аст. Артиши Германияи фашист дар кӯтоҳтарин муддат тамоми Аврупоро забт карда, сарҳади давлати Шӯравиро убур намуд. Раванди бедодгариҳои фашистон дар Иттиҳоди Шӯравӣ  1710 шаҳр, 70- ҳазор деҳкада, 6 миллион иншоот ва иморат хароб гардида, миллионҳо нафар ба ҳалокат расиданд. Зиёда аз ин Гитлер ва ҳаммаслаконаш бовар доштанд, ки таҳдиди онҳо халқҳои Ҷумҳуриҳои  Шӯравиро пароканда хоҳад кард. Аммо ин фалокат бар қасди андешаҳои ботили адӯ тамоми халқияту миллатҳоро ба ҳам овард ва хурду калон ба ҳимояи марзу буми Ватан бархостанд. Онҳо на танҳо аз хоки муқаддаси Ватани худ дифоъ карданд, балки барои таъмини сулҳ ва суббот мубориза бурда, оламро аз асорат ва зулм раҳо бахшиданд. Садҳо ҳазор нафар ҳамватани мо дар амалиётҳои ҷанг мардонигию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлат гардиданд.

     Бояд арз дорем, ки 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯрав сазовор шуданд, ки миёнашон фарзонамардони диёри Кӯлоб Сафар Амиршоев, Сайидқул Турдиев, Исмат Шарифов ва чанд нафари дигар  низ ҳастанд. 17-нафар родмардони тоҷик бо ордени Шараф сарфароз гаштанд. Ҳамдиёри мо Мусо Абдуллоев дорандаи се Ордени  Шараф буда ба авлотарин мақоми ифтихор маҳсуб шуда буд.

   Талафоти Тоҷикистон дар ҷанг зиёд буд: бештар аз 300 ҳазор фиристодагони ҷумҳурии мо дар майдонҳои набард ҷонбозиҳову каҳрамониҳо карданд. Бештар аз 90 ҳазор шаҳид шуданд. Барои корнамоиву мардонагӣ дар набарди зидди фашизм 54 нафар унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гирифтанд.

   Солҳои ҷанг дар дармонгоҳҳои ҳарбӣ ва бемористонҳои Тоҷикистон 28 ҳазор маҷрӯҳон табобат мегирифтанд.

   25 ҳазор сарбозону афсарон шифо ёфта, ба майдони набард баргаштанд. Нафарони зиёде дар хоки Тоҷикистон манзили охират ёфтанд. Ин боғи ғалаба ва дигар лавҳаҳои ёдгор, ки имрӯз гулчамбаргузорӣ карда шуданд,  ба хотири онҳо бунёд шудааст.

    Дар солҳои ҷанг мардуми мо бо вуҷуди мушкилоти зиёди зиндагии худ, барои таъмини сарбозон бо хӯрокворӣ, сарулибос ва дигар маводи зарурӣ рӯзу шаб нагуфта меҳнат мекарданд. Худ гуруснаву бараҳна, вале ҳама чизро ба барои Ғалаба ва ояндаи дурахшон мефиристоданд. Бо гузашти солҳои зиёд арзиш ва азамати корномаи бемисли мардуми Тоҷикистон боз ҳам равшантар дар дилу дар ёдҳои мо нақш мегузорад ва чун намунаи ибрат зуҳур меёбад.

  Мо вазифадорем, ки сабақҳои ин ҷанги мудҳишро аз хотир набароварда, ҳар лаҳзаи ҳаёти осоиштаро эҳтиром бигузорем, азизу гиромӣ доштани ин ғалабаро аз хотир набарорем ва ҳама якдилона алайҳи мақсадҳои оташдиҳандагони ҷангу ҷидолҳои нав мубориза барем.

   Ба шарафи корнамоиҳои фарзандони Тоҷикистон дар шаҳрамон  кӯчаву хиёбонҳо номгузор шудаанд ва дар лавҳаҳои ёдгор исмашон бо ҳарфҳои зарин сабт гашта аст.

   Боиси хушнудист, ки имрӯз низ ҳашт нафар  собиқадорон дар қатори мо барои беҳбудии ҷомеъа ва бунёди давлати навини тоҷикон хизматҳои шоён мекунанд. Мирзо Бегматов, Ҷумъа Пӯлодов, Шариф Ғуломов, Мадиброн Рачабов, Барот Сафаров, Дилдор Холмадов, Маҳмадалӣ Амиршоев, Бозор Эргашев    аз зумраи он нафронеанд, ки имрӯзҳо барои насли ҷавон сабақи ватандустӣ ва рӯзгордорӣ  медиҳанд.

   Ин нукта боиси зикр аст, ки ҳамаи собиқадорон ҳамеша зери ғамхориву таваҷчуҳи Асосгузори суклҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва дар  арафаи  ҳар ид аз ҷониби роҳбари давлат ба диловарони арсаи ҷанг ва собиқадоро тӯҳфаҳо тақдим карда мешавад.

   Дар кишварамон собиқадорони ҷанг аз имтиёзҳои хоса бархӯрдоранд, ки ин ҳама нишон аз žамхориву дастгирии давлату ҳукумат нисбати онҳо мебошад.

   Чун анъана ҳамасола дар арафаи иди Žалаба  ҳафтаи “Поси хотир” гузаронида шуда, вохӯрии  собиқадорони ҷанг дар мактабу муасиссаҳо баргузор мегарданд, ки ин ҳамоишҳо ба тарбияи ватандӯстии насли наврас таъсири мусб мерасонад.

   Имсол низ дар чаҳорчуби баргузории ин ҳафтаи муқаддас бо донишҷӯёни  муассисаҳои олӣ, муҳасилини макотиби миёна ва коргарону хизматчиёни идораву муасиссаҳои шаҳру деҳот вохӯриҳо баргузор карда, корномаҳои ҷангии худро варақгардон карда,  ҳамагонро ба ватандӯстиву ифтихорманд аз халқу Ватан даъват намуданд, ки барояшон арзи миннатдории худро мерасонем.

   Дӯстони азиз, корнамо ва мардонагии ин мардони майдон сазовори ҳазорон аҳсан ва лоиқи ҳазорон достон аст.  Халқу Ватан хизматҳои нотакрори онҳоро ҳаргиз фаромуш намекунад ва  насли имрӯзу фардо барои ҷонфидо ва садоқати бепоён  пеши онҳо сари таъзим фуруд меоварем.

    Имрӯз иди Ғалаба аст ва ин идро метавон корнамоиву қаҳрамонии омавии халқҳои ба ҳам дусту бародар унвон кард.

    Имрӯз барои ҳифзи осудагии Ватан аз зиммаи мо бори масъулияти ватандорӣ кам нашудааст.Ин масъулият ҳамеша дар муқобили ҳавохоҳону ҷонибдорони ҷанг устувор меистод ва ҳамеша устувор мемонад.

     Насли калонсоле, ки ҷанги шаҳрвандиро ёд доранд, медонанд,ки он чи қадар даҳшату гуруснагӣ ва бесару сомониҳои зиёдеро ба бор оварда буд.

   Набояд фаромуш кард, ки дар мушкилтарин рӯзҳо барои бақои миллати тоҷику давлатдории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонфидоӣ карда,  миллатро аз парокандагиву  нестӣ раҳоӣ бахшид.

    Ӯ ҳама гуна озмоишҳои ҳаётро паси сар карда, миллати тоҷикро аз роҳҳои басо пурхатар бо мушкилоти зиёду сангини таърихӣ ва тақдирсоз дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба қуллаи мақсуд расонид. Мардумро сарҷамъ, сулҳу суботро фароҳам, рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеаро таъмин, марзу буми Ватани аҷдодиро ҳифз кард, ки ин худ дар масири зиндагӣ неъмати бебаҳост.

   Мо бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ба муқобили тамоми зуҳуроти ҷангҷуёна муборизаи беамон мебарем ва дастовардҳои истиқлолияти давлатиамонро, ки бо ваҳдати комили мардуми тоҷик дар замони истиқлол ба даст омадааст, аз ҷону дил ҳифз менамоем.

    Имрӯз бошад, терроризм ва экстремизм ба мушкилоти глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфта, инсониятро дар зери хатар гузошта истодааст.

Чунин вазъ, яъне бадбахтию нооромиҳоро  мо дар мисоли давлатҳои Сурия, Ироқ, Яман, Либия ва Афғонистон мебинем, ки  ҳамарӯза дар ин давлатҳо сокинони осоишта ҷони худро аз даст дода, дучори гуруснагию қашшоқӣ ва  оворагию сарсонианд.

      Ҳоло ки мо дар фазои сулҳу суботи комил умр ба сар мебарем, бояд аз вазъи ҷаҳони ноором ғофил набошем. Ба умқи бозиҳои геосиёсӣ сарфаҳм рафта, нагузорем, ки ба ин неъмати бебаҳо халал ворид гардад.

    Мо дар ҳақиқат имкони таъмини ҳамаи инро дорем. Аз инрӯ бояд дастҷамъона ва якҷоя меҳнат кунему дӯстию ваҳдатро таҳким бахшем.

   Дар охир бори дигар ҳамаи Шумо ва дар шахси Шумо тамоми мардуми шаҳру деҳоти Кӯлоби бостониро ба муносибати Рӯзи Ғалаба табрик мегӯям. Тансиҳату хонаобод бошед.

Ба диққататон ташаккур.

           

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code