Таҷлили зодрӯзи хунёгари мумтоз

  Субҳи 4- майи соли 2018 дар нази осорхонаи ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шодравон Рустами Абдураҳим, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, дустону пайвандон ва шахсони баруманди шаҳру деҳоти Кӯлоб, ҳунармандони театри мазҳака- мусиқии шаҳр, шоирону нависандагон ва дигар мухлисону ҳаводорони оҳангҳои Рустами Абдураҳим ҷамъ омада, ба нимпайкараи хунёгари мумтоз гулчамбар гузошта, аз хотираҳои худ дар бораи ин марди   зиндаёд ёдовар гардидаанд.

   Сипас, меҳмонон аз осорхонаи Рустами Абдураҳим дидан намуда, идомаи маҳфил дар Қасри фарҳангии шаҳр, ки номи Рустами Абдураҳимро дорад, ҷараён ёфт.

   Дар қисмати тантанавии чорабинӣ муовини раиси шаҳр Кенҷамоҳ Маҷидова, ховаршинос Зафар Мирзоён ва фарзандони Рустами Абдураҳим Шаҳлои Абдураҳим баромад намуданд.

  Озмуни «Меҳри диёр» аз тарафи ҳакамон ҷамъбаст кара шуда, ғолибон бо туҳфаҳои молиявӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code