Ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ

       

   Дар  Мачмааи варзишии шаҳр ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ, ки бо ташаббуси якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  доир карда шуда буданд,  ҷамъбаст карда шуд.

   Варзишгарони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар ин чорабиниҳо ширкат намуда, аз рӯи намудҳои варзиши волейбол, футбол,  теннис, шашка, шоҳмот, гуштини миллӣ, оббозӣ ширкат ва қувваозмоӣ намуданд.

   Дар чорабинӣ  раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло,  муовини раиси вилояти  Хатлон Хидирзода Махфират, раиси Кумитаи  кор бо ҷавонон ва  варзиши  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ва     намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ  Ваҳобзода Барот баромад намуда, қайд намуданд, ки чорабиниҳои  баргузоршуда барои афзун намудани фаъолнокии ҷавонон мусоидат намуда, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва нерӯи ақлониву ҷисмонии ҷавононро боло  мебарад.

    Ғолибони мусобиқаҳо аз ҷониби раиси шаҳр ва меҳмонон бо медалу туҳфаҳои қимматбаҳо аз қабили яхдону телевизор, қолинҳо ва асбобҳои маишӣ   сарфароз ва қадрдонӣ карда шуданд.

                                                                         Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code