Ифтитоҳи мактаби нави варзишӣ дар шаҳри Кӯлоб

   

   Дар доираи чорабиниҳои бошукӯҳи Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон  ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи нақша барномаи якҷоя аз 30.042018 то 4.05. 2018 бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Кӯлоб ҷараён доштанд, як зумра чорабиниҳо доир карда шуд.

   Аз ҷумла дар ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб бо ширкати бевоситаи раиси Кумитаи  кор бо ҷавонон ва  варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абуллозода Рустам, муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло мактаби нави варзишӣ, толор ва ду майдончаи варзишӣ (майдони футбол ва волейбол) сохта ба истифода дода шуд.

   Меҳмонон аз толор ва шароитҳои муосири он дидан намуда, зимни баромадҳо варзишгаронро бо ин туҳфаи арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрику муборакбод намуданд.

  Баъд аз баромад ва суханрониҳои меҳмонон аввалин шуда дар майдончаи варзишии футбол ва волейбол тубҳоро ба бозӣ дароварданд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code