Базми осмонкаф

    Бо ташаббуси якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  шоми 4 майи  соли 2018 бо иштироки  ситораҳои санъати тоҷик  Сурайё Қосимова,  Давлатманд Холов,  Шуҳрат Сайнаков, Шабнами Сурайё, Зафари Аюбӣ, Нишонаи Рустам, Амрохон Раҳимов, Сабринаи Ашуралӣ, Нишонаи Рустам, ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ, ансамбли овозадори рақсии «Лола»  дар Амфитеатри боғи ба номи Исмоили Сомонӣ  бо иштироки 12 ҳазор нафар тамошобинон консерти  муҳташаму  хотирмон   баргузор  гардид.

    Қабл аз оғози барномаи  фарҳангӣ Раиси шаҳри Кӯлоб  Хайрулло Амонулло ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон Абдуллозода Ахтам Рустам суханронӣ намуда, миннатдории мардуми Кӯлобшаҳри бостониро ҷиҳати рушду нумуи ҳамаҷонибаи  соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, хосатан шаҳру деҳоти Кӯлоб ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  изҳор дошта,   аз  фазои сулҳу суботу  оромӣ ва  пешрафту шукуфоиҳои   рӯзафзуни    мамлакат  ёдовар  гардиданд.

                                                      Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code