Роҳҳо пайвандгари дилҳо

   Дар шаҳри Кӯлоб дар 3- моҳи соли равон 14 км роҳҳои автомобилгарди байниноҳиявӣ ва 1,5 км роҳҳои автомобилгарди дохилишаҳрӣ таъмири ҷорӣ карда шуданд. Ҳамчунин 1,2 км пиёдароҳҳо таъмиру барқарор гардида дар  баробари ин аз ҷониби соҳибкорон 500 метр  роҳҳо таъмири асосӣ (асфалтпуш) ва 500 м сангфарш карда шуданд.

   Тули ҳафтаи равон дар 10,5 км роҳҳо таъмири ҷорӣ  гузаронида шуда, рангубори раҳрезаҳо ва хатҳои уфуқии  роҳҳо   дар ҳудуди 834 м2 гузаронида шуд.

   Барои таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта тибқи қарори раиси шаҳр гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, барои муайян намудани ҳолати роҳҳо таҳлил  гузаронида истода, бояд 120 км роҳҳои автомобилгарди деҳот ва 21 км роҳҳои автомобилгарди дохилишаҳрии аҳамияти маҳаллидошта таъмиру таҷдид карда шаванд.

                                                           Бахши бойгонӣ- матбуотӣ 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code