Хатсайри Кӯлоб -Москва кушода шуд

      

     Имрӯз дар назди Терминали роҳи оҳани шаҳри Кӯлоб тантанаи бошукӯҳи  идона барпо  гардид.

   Бо ташабуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хатсайри Бохтару Термиз, ки бо сабабҳои муайян аз соли 2011 аз фаъолият боз монда буд, ба кор шуруъ кард. Хатсайри  мазкур санаи 9- марти соли  2018 кушода шуд.

   Қатораи аввалини Кӯлоб – Москва, ки баъди тавақкуфи зиёд  ба кор даромад,  соати 18:05 бо  8 адад  вагони плосткартӣ,  1-вагони ҳуҷрадор, 1- вагони тарабхона, дар маҷмуъ бо 10 вагон ба роҳ даромад.

  Қатора аз 452 ҷой иборат буда,  дар чор шабонарӯз дар  шаҳри Москваи  Федератсияи Россия мерасад.

   Нархи билети қатора 1311 сомонӣ буда,  ҳангоми як моҳ пештар харидорӣ намудани билет,  нархҳо то  600 сомонӣ тахфиф карда мешавад.

   Дар аввалин сафар  дар қатора 400 нафар шаҳрвандони шаҳр ва минтақаи  Кӯлоб  озими шаҳри Москва гардиданд.

                                                             Бахши бойгонӣ- матбуотӣ 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code