Фаро гирифтани кӯдакони ношунаво ба илм

    Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ташкилоти ҷамъиятии «Маркази рушди забони ишора ва таълими ношунавоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб семинари омузишӣ барои волидайни дорои кӯдакони ношунаво ва кормандони ҳифзи иҷтимоии шаҳри Кӯлоб доир гардид.

   Дар семинар котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки  мақомоти иҷроияи шаҳри Кӯлоб,  Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлдатии шаҳри Кӯлоб, ваколатдор оид ба ҳукуки инсон, намояндаи ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, асотсиатсиаи волидайни имконияташон маҳдуди шаҳри Кӯлоб, ташкилоти ҷамъиятии Заршедабону, намояндагони марказҳои саломатӣ   ширкат варзиданд.

Максад аз баргузор  намудани семинар фаҳмондадиҳии падару модарон  дар бораи ба илму маърифат фарогифтани кӯдакони ношунаво дар мактабҳои махсус  ва  бо шаҳодатномаи хатми  муассиса таъмин намудани онҳо  буд.

Баромадкунандагон ҳангоми баргузор намудани семинарии омӯзишӣ аз алифбои дастии тоҷикӣ  ва видеролик  дар бораи ношунавоён истифода намуданд.

                                                           Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code