Вазъи фазои соҳибкорӣ дар шаҳри Кӯлоб

    Рӯзи 27 апрели соли 2018 ҷаласаи Шӯрои машваратии назди раиси шаҳри Кӯлоб оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ бо иштироки аъзои Шӯро ва инчунин як гуруҳи ҳунармандон, намояндагони бонкҳои тиҷоратӣ ва шуъбаи №57 БДА «Амонатбонк» гузаронида шуд.

Дар ҷавласа қайд гардид, ки яке аз масъалаҳои рушди соҳибкорӣ муколамаи байни мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ мебошад. Вобаста ба устувор намудани муколама байни мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ ва бо мақсади рушди соҳибкорӣ бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб (аз 28-апрели соли 2012 № 375)  Шӯрои машваратии назди раиси шаҳри Кӯлоб оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ таъсис дода шуд. Қобили қайд аст, ки имрӯз  6-умини  соли фаъолияти  Шӯрои машваратӣ мебошад.

Дар давраи фаъолияти Шӯрои машваратӣ вобаста ба дастгирии ташаббуси соҳибкорон, ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ чораҳои зарурӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо БРСММ дар Тоҷикистон  дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва оид ба фазои соҳибкорӣ дар шаҳру деҳот бо ҷалби мутахассисон ва коршиносони соҳаҳо таҳлилҳо гузаронида шуда, натиҷаи он як қатор камбудиҳоро ошкор намуд.

Ҳисобот дар яке аз ҷаласаҳои Шурои машваратӣ муаррифӣ карда шуда, аз натиҷаи он ба раиси шаҳр, ба ташкилотҳои байналмилалӣ пешниҳодҳо оид ба мусоидат дар бартраф намудани камбудиҳо ирсол гардид. Дар натиҷа барои таъмини кишоварзон бо нуриҳои минералӣ ва тухмиҳои серҳосил аз ҷониби раиси шаҳр ба соҳибкорон дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот қитъаи замин ҷудо гардида, онҳо мағозаҳоро сохта айни замон ба кишоварзон хизмат расонида истодаанд. Ҳамчунин дар маркази шаҳр мағозаи махсуси фурӯши тухмиҳои сабзавот таъсис дода шуд.

Ҳамзамон ташкилоти “Нексигол-Мушовир” бо дастгирии Ташкилоти Байналмилалии Оксфам дар шаҳр барои омӯзонидани 3 ҳазор кишоварзон усулҳои муосири агротехникӣ лоиҳаро амалӣ намуда истода, як гармхонаи намунавӣ бунёд карда, дар майдони як гектар зироатҳоро барои намоиш парвариш карда истодааст.

Ҳамзамон барои соҳибкороне, ки мақсади бунёди корхона ва коргоҳҳоро доранд, тибқи қарори раиси шаҳр ба тариқи “Равзанаи ягона” дар муҳлати кутоҳ қитъаи замин ҷудо карда мешавад.

Дар натиҷаи чораҳои амалигардида тибқи маълумотҳо шумораи умумии соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳру деҳот ба 01 апрели   соли 2018-ум 4583- нафарро ташкил дод, ки аз ин 527 нафар бо шаҳодатнома ва 2320 нафар бо патент ва 1736 нафар хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият дошта, нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 -433 нафар зиёд мебошад.

Бо назардошти эълон гардидани соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва бо истифода аз ҷорӣ гардидани имтиёзҳо, аз ҷумла имтиёзҳои андозӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок бояд ҳунармандон фаъолияташонро вусъат бахшида ҳарчи бештар шахсони бешуғл, аз ҷумла занонро ба кори хонагӣ ҷалб намуда, дар ин замина сатҳи зиндагиашонро баланд бардоранд.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code