Пешвои миллат – ғамхори ятимон

      

Ҷиҳати татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30 апрели соли ҷорӣ   бо пайравӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо наврасону ҷавонони ятими кул  чорабинии фарҳангӣ -фароғатӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – ғамхори ятимон”  доир намуд.

Дар рафти чорабинӣ раиси шаҳр ва дигар иштирокдорон хизматҳои Пешвои миллатро дар дастгирии ин табақаи ҷомеа нек арзёбӣ намуданд.

                               Баромади

            Раиси шаҳри Кӯлоб дар чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ

 бо ятимони кулли шаҳру деҳоти Кӯлоб таҳти унвони “Пешвои миллат – ғамхори ятимон”

  Ҳозирини гиромӣ !

  Фарзандони азиз!

  Дар партави сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша таҳти ҳимоя ва сарпарастии давлат қарор доранд.

Чунончи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар  Паёми имсолаи хеш таъкид намуданд, ки   «Мо ба раванди   солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кудакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат  ва хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷчуҳи хос зоҳир намуда дар ин самт ҳамаи тадбирҳоро амалӣ намуда истодаем.

Масалан, маблағгузории хона-интернатҳои ятимон, маъюбон ва пиронсолон дар як сол ба як бошанда 21 ҳазор сомонӣ ва хонаи кудакон ба як кудак 15 ҳазор сомонӣ рост меояд, ки нисбат ба соли 2010 мутаносибан чор ва дуюним баробар зиёд аст».

Пешвои муаззами миллат дар вохӯриҳояш пайваста таъкид менамояд, ки дастгирии ин қишри ҷомеа вазифаи ҳар як шахси худогоҳ  ва ватандӯст мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳоро барои насли ҷавон, бахусус ятимон   фароҳам овардааст. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як чорабинии муҳташам, хусусан идҳои миллӣ    нисбат ба кӯдакону ҷавонони   бесаробон тадбирҳои мушаххас амалӣ карда  мешавад.

Дар Тоҷикистон ҳар як ятим   таҳти ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат фаро гирифта шудааст.

Кӯшиши Ҳукумати Тоҷикистон ба он равона шудааст, ки  насли ҷавон  барои гирифтани дониши баланд ва ба камол расидан ҳамчун шаҳрвандони бомаърифат, солиму тансиҳат, соҳибтамаддун ва   дорои ахлоқи ҳамида тамоми шароитҳоро дошта бошанд.

Дар шаҳри Кӯлоб низ барои ин табақаи ниёзманд шароитҳои мусоиди касбомӯзӣ ва таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст. Бо дастгирии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯзҳо дар шаҳри Кӯлоб ду мактаб- интернат амал мекунанд, ки ятимону бепарасторонро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд. Муассисаҳои таълимии  мазкур бо тамоми шароитҳои муосири таълимӣ  муҷаҳҳаз мебошанд.

Бо мусоидати давлат ятимон дар дилхоҳ Донишкадаву Донишгоҳ ва коллеҷ дохил шуда ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Роҳбари давлат дар суханрониҳояш   гуфта аст:

“Ман борҳо изҳор дошта будам ва бори дигар таъкид месозам, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳаргиз намегузорад ятимон ва кӯдакони бепарастор, шахсони пиронсолу барҷомонда ва маъюбону муҳтоҷон хору зор шаванд, худро дар зиндагӣ яккаву танҳо, бепарастор ва бе ҳифзу ҳимоя эҳсос намоянд”

Сарвари давлат дар ҳар сафари худ ба минтақаҳои гуногуни куишвар бо наврасоне, ки бо амри тақдир волидони худро аз даст додаанд, диққати бештар дода борҳо ба онҳо таъкид намудаанд, ки меҳру муҳаббати валидайнро бо ҳеҷ чиз иваз карда намешавад вале мо ҳаргиз намегузорем, ки Шумо эҳсоси танҳоиву бекасӣ намоед.

Воқеан Пешвои миллат намунаи олии хирадмандиву ғамхории падарона ба қишри  ба таваҷчуҳ ниёздоштаи ҷомеа мебошанд. Зеро бо  дароз намудани дасти мадад  ба онҳо дар арафаи ҳар иди миллӣ ва расонидани кумак ба оилаи ин гуна ашхос ба дигарон дарси ҷавонмардиву ҳимматбаландӣ ва саховату дасткушодагӣ медиҳанд.

Ҳар яки мо низ  вазифадорем бо меҳру муҳаббати хоса ба нигоҳубину парасторӣ ва таълиму тарбияи ятимон саҳмгузор бошем, то ҳар яки онҳо худро озод ҳис намуда, нерӯи зеҳниву ҷисмонии хешро барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва рушду ободии Ватани азизи худ сафарбар намоянд.

Тансиҳату сарбаланд бошед, фарзандони азиз!

   

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code