Маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр ва баррасии масъалаҳои гуногун

  Санаи 30 апрели соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардида, аввалан масъалаи «Дар бораи рафти амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва тероризм барои солҳои 2016-2020»  шунида шуда, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

   Дар муҳокимаи ин масъала раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло қайд намудаанд, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мазкур таваҷуҳи махсус зоҳир намуда, доимо дар баромаду суханрониаш  ҷиҳати ба гуруҳҳои ифротӣ шомил нашудани ҷавонон, дар руҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ тарбия намудани онҳо, пешгирии бегонапарастӣ, аз ҷумла либоспушии бегона, доир намудани чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои созандагию ободонӣ ва дар ин замина тарғиби тарзи ҳаёти солим дастуру супоришҳои судманд медиҳанд. Ҳамзамон таъкид доштанд, ки дар ин самт фаъолияти шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, шуъбаи кор бо занон ва оила, бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш,  ҷамоатҳои деҳоти шаҳр боз ҳам бояд ҷоннок карда шуда, тибқи бандҳои Фармони номбаргардида корбарӣ намоянд.

Сипас масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла

-ҳисоботи сардори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои духти либосҳои мактабӣ дар соли 2018

-дар бораи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-пешгирии ҳодисаҳои ҳолатҳои фавқуллода ва корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ;

-рафти иҷрои нақшаи андозҳои давлатӣ ва чораҳои кам кардани  бақияпулиҳо;

-ҳолати ҷамъоварии  маблағҳои барқи  истифодашуда;

-бартараф намудани қарзи музди меҳнат дар корхонаҳои коммуналӣ;

-сохтмони муассисаҳои таълимии нав ва таъмири муассисаҳои  садамавию таъмирталаб;

таъмиру азнавсозии биноҳои муассисаҳои соҳаи тандурустӣ;

– андешидани тадбирҳои амалӣ доир ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ;

– бунёди боғу токзорҳо, ҳолати тоза намудани заҳбуру каналҳо, рафти нигоҳубини пахта дар хоҷагиҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб;

-вазъи тозагии шаҳр, корҳои  кабудизоркунӣ ва гулшинонӣ дар шаҳр

мавриди баррасӣ қарор дода шуда, гузоришҳои шахсони масъул шунида шуда, аз  муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони бахшу шуъбаҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳо пурсиш намуда, вазифаҳо аз тарафи раиси шаҳр  барои ҳафтаи навбатӣ муайян гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code