Маҳфили «Оилаҳои ибратомӯз»

   Бо иштироки донишҷӯён ва оилаҳои муваффақ дар китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ, маҳфили оиладорӣ таҳти унвони «Оилаҳои ибратомӯз»баргузор гардид.

   Ҳамоиши мазкур аз тарафи шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, бо мақсади иҷрои қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 17.03.2016, №197 «Дар бораи Барномаи рушди оила дар шаҳри Кӯлоб» оид ба  қарори раиси вилояти Хатлон аз 13-уми феврали соли 2016, № 40 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 «Дар бораи Консепсияи- рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавонон ба ҳаёти мустақил ва ҳидояти ҷавондухтарон ба ҳаёти мустаъқилона  маҳфили «Оилаҳои ибратомӯз» гузаронида шуд.

  Дар маҳфил оилаҳои дорои собиқаи зиёди оиладорӣ ва дар тарбияи фарзандон муваффақ, обрӯманд ва намунавии шаҳр иштирок намуданд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code