Суханварон муайян гардиданд

     

   Бо мақсади  дарёфти суханварон ва мубаллиғони ҷавон, ки  дорои фарҳанги баланди сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, дар  толори қасри ҷавонони шаҳри Кӯлоб  озмуни «Санъати сухан» доир карда шуд. Дар озмуни мазкур намояндагони ҷавонон  аз шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин, Ҳамадонӣ, Фархор, Темурмалик ва Данғара иштирок ва қувваозмоӣ намуданд.

   Ғолибони озмун муайян ва ба озмуни ҷумҳуриявӣ  сафарбар карда шуданд. Ба ғолибони озмун  хонандаи муассисаи таълимии №2-и  шаҳри Кӯлоб  Рустамова Омина низ шомил гардид, ки аъзои фаъоли маҳфили «Эҷод» -и назди мақомоти иҷроияи шаҳри Кӯлоб мебошад.

Бахши бойгони- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code