Ба истиқболи чорабиниҳои «Ҳафтаи поси хотир»

   Дар партави баргузории  чорабиниҳои «Ҳафтаи поси хотир» тибқи нақаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби  Ташкилоти ҷамъиятии «Маъюбони ҷанг дар Афғонистон»- и шаҳри Кӯлоб  саҳни нимпайкараиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузарги Ватанӣ  тозаю озода  карда шуд.

   37- нафар  аъзоёни ҷамъият  рӯзи 21-уми апрели соли 2018 бахшида ба таҷлили  73- солагии Иди Ғалаба бар фашизм дар  атрофи нимпайкараҳои  барқароркунандаи ҳукумати шӯравӣ Саидҷон Назаров, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қаҳрамонӣ Иттиҳодӣ Шӯравӣ Сафар Амиршоев ва  Сайдқул Турдиев ҳашари дастҷамъона гузарониданд.

   Ҳамзамон аъзоёни ҷамъият  тасмим гирифтанд, ки аз ҳолу  аҳволи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мирзо Бегматов, Ҷумъа Пулод, Ғулом Шарипов ва иштирокчии ақибгоҳ Бозор Эргашев дидан карда, бо дастрасии имконияти молиявӣ ба онҳо кӯмаки моддии худро расонанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code