ФИРЕФТАИ ФИРЕФТАҲО ГАРДИДАН АБЛАҲИСТ 

ФИРЕФТАИ ФИРЕФТАҲО ГАРДИДАН АБЛАҲИСТ 

Дар айни замон ҳоводиси нангини терористӣ ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар барангехтани низоъ миёни мардуми мамолики ҷаҳон ба шумор рафта, ҳазорҳо оилаҳо қурбони ин зуҳурот гардидаанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризм ва ифротгароиро яке аз зуҳуроти номатлуби замони имрўза ном гузошта, дар ба миён омадани оқибатҳои нангини қатлу куштор, таҳдиду истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз худ намудани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ таъсиргузор медонанд.

Камбахтона бештари душманони миллат ва ба истилоҳ исломбадбинон тероризмро моли Ислом ва терористро мусулмон арзёбӣ мекунанд, аммо  терроризм аз мусулмон нест ва мусулмон террорист буда наметавонад. Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ба ҷаҳониён иброз намуданд: “Ифротгароӣ ва терроризм, дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани Ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстримизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард”.

Терроризм ҷуз содир намудани амалҳое вайронкорӣ, қтлу куштор, фиребгарӣ, одамрабоӣ ҳеҷ манфиате надорад. Мақсади терорист танҳо бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Ҷавонон ва истиқлолият

Бо шукргузорӣ аз неъмати Истиқлолияти давлатӣ ва тинҷиву аммонии кишвари биҳиштосои Тоҷикистон, ки насли ин айём бо ақлу заковати дурандешонашон  кучактарин аъмоли терористро маҳкум намуда, тероризмро ҳамчун вабои аср эътироф намуданд. Ҷавонон дурус дарёфтанд, ки афроди ба ном «миллатдўстон” ѓайр аз амалӣ намудани аҳдофи ѓаразнок худ, он ҳам ба хотири ба даст овардани низоми раҳбариву сарварӣ ва ҷамъи моликияту ѓасби бойгарии мардум дигар чизе нест.

Аминем, ки ин қабил ифротгароён мақсадҳои маҳдуди худро аз манфиатҳои миллии ин миллат, ваҳдати миллӣ ва сулҳу ризоияти тоҷикон, ҷашну анъаноти миллӣ болотар гузошта, мехоҳанд ҷомеаи Тоҷикистони биҳитосоро гирифтори хунрезӣ намоянд ва аз ҳолати мувозанати барои ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ёрмандии хоҷаҳои хориҷиашон кишварро берун кашанд. Дар тафаккури ин бадандешон ҷуз қатлу куштор ва зулму ситам ҳеҷ сухани дигар мақоме надорад. Маълум аст, ки эшон марги волидайн, бародару хоҳар, фарзанд ва тифлакони бегуноҳ, парешон гардидани оилат тоҷикро берун аз хоки Ватан ва гиряи ҷонсузи модари  тоҷикро бо чашми сар надидаанд. Ин аст, ки иддае аз онҳо дидаанд, вале худро нодида мегиранд.

Ҳифзи Ватан қарзӣ имонист

Барои ҳар як шаҳрванди бо ору нумиси миллат ҳифзи амнияту озодӣ, ваҳдати миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ қарзи имониву виҷдонӣ маҳсуб гардида, масъулияти баландро тақозо  менамояд. Маҳз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки рушди бемайдони иқтисодиву иҷтимоии кишвар таъмин гардида, мардуми тоҷик ба сўи ояндаи дурахшон бо роҳнамоиву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қадамҳои устувори худро гузоранд.

Хушбахтона, ҳамарўза барои мардуми шарифи Тоҷикистон, ки бо талошу кўшишҳои ҳамешагии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит беҳтару хубтар гардида, мардуми шари кишвар ба зинадагии шоистатар қадам гузошта истодаанд. Мисоли равшан он аст, ки бо гузашти начандон таърихи дур, яъне ҳаводиси солҳои 90-ум миллати тоҷик дар марҳалаи ниҳоят вазнини ҳам иқтисодӣ ҳам иҷтимоӣ ва дигар паҳлуҳои барои ҳаёт зарур қарор доштанд. Давлат имкони ҳатто пардохти маблаѓи як нонро надошт ва мардум пустҳои дарахтонро низ истеъмол намуданд. Ин ҳама бадбахтироо бар сари ин миллат душманону нотавонбинон дар ниқоби Ислом таҳмил намуданд ва бадбахтиро болои ин бор намуданд. Аммо эшон худ огаҳӣ аз воқеияти ин дини пок (Ислом)  надоштанд. Агар воқеан медонистанд, ки дар сураи Рум ояти 32 Қуръони карим гуфта шудааст, ки: «(мабошед) аз онон, ки дини худро пароканда сохтанд ва гурўҳ-гурўҳ шуданд». Аммо роҳбари сулҳпарвару инсондўсти мо, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо андешаи барѓалати онҳо мубориза бурда, мадороро пешаи кори хеш карда, миллатро сарҷамъ намуд ва ба ин миллат «Сулҳ» овард. То имрўз ҷонибдори сулҳу суббот буда, дар муқобили терроризму бедодгарӣ дар мубориза аст. Инчунин, дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ 22.12.2017 иброз доштанд: “Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем”.

Миралӣ Давлатов, саромўзгори кафедраи равоншиносӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code