Сохтмони иншоотҳои таъиноти гуногун

Дар  шаҳру деҳоти  Кӯлоб имрӯзҳо сохтмони иншоотҳои таъиноти гуногун идома доранд. Аз ҷумла аз тарафи филиали Идораи сохтмони асосии минтақаи Кӯлоби  вилояти Хатлон, муассисаҳои таълимӣ барои 464 хонанда дар маҳаллаи Офтоблиқои ҷамоати деҳоти Зиракӣ,  муассисаи таълимӣ барои 320 хонанда дар маҳаллаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракӣ,  сохтмони Донишкадаи такмили ихтисос дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Кӯлоб, аз тарафи Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди  инфрасохтор,  сохтмони муассисаи таълимӣ барои 624 хонанда дар маҳаллаи навбунёди №20, сохтмони хонаи 9 ошёна дар маҳаллаи Исмоили Сомонӣ  рафта истодааст.

Аз тарафи Дирексияи сохтмони асосии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ ва   дар асоси татбиқи лоиҳа бо  ҷалби сармояи хориҷӣ бо маблаггузории Бонки Олмонӣ корҳои сохтмонӣ дар Маркази перинаталии беморхонаи вилоятии №2-и шаҳри  Кӯлоб аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Махсус» ҷараён дорад.

                                                                     Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code