Ҳафтаи илм

    Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ 24 апрели соли ҷорӣ,  бахшида ба оғози даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028», Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 140- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик,  устод Садриддин Айнӣ «Конфренсияи илмӣ – назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён» баргузор гардид.

    Конференсияро  ректори донишгоҳ, доктори илмҳои физика- математика, профессор, Абдуллоҳ Ҳабибуллоҳ ифтитоҳ бахшида, фаъолияти яксолаи омӯзгорону донишҷӯёнро  баррасӣ  намуда, ҳафтаи ҷориро  ҳафтаи илм эълон намуд.

    Баромадкунандагон профессор Ҷумъахон Алимӣ, номзади илмҳои педагогӣ Иброҳим Гурез,  номзади илмҳои филологӣ, дотсент Содиқ Ёралӣ,  ноиби ректор оид ба иртибот бо ҷомеа, профессори ифтихорӣ  Зафар Мирзоён дар мавзӯҳои  «Роҳи бузурги Абрешим, моҳият ва таъиноти он», «Ҳунармандони кулобӣ ва саҳми онҳо дар тарбияи рушди ҳунарҳои мардумӣ»,  «Садриддин Айнӣ –асосгузори адабиёти нави тоҷик», «Тоҷикон бунёдгузорони фарҳанги арҷгузорӣ ба обҳои пок»  баромад намуданд.

    Конференсия рӯзи дигар дар  бахшҳои математика ва методикаи таълими он, таҳлили математикӣ ва назарияҳои функсияҳо, бахши илмҳои компютерӣ, бахши физика, бахши забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик ва журналистика, бахши забони русӣ, забонҳои хориҷӣ, педагогика, фалсафа, иқтисод ва идора, география ва сайёҳӣ, химия ва биология, мудофиаи гражданӣ ва дифои ҳарбӣ, бахши таърих ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ идома ёфт.

                    Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code